Пешниҳоди бемантиқ ва бебунёд

Миллати шарофатманди тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили сиёсию иқтисодии кишвар дар зери роҳбари оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои бунёдкориву созандагии Ватани биҳиштосои мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол машғул аст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар соли 2021 ба таври сазовор истиқбол намояд.

Чунин рушду шукуфоии кишвари азизи мо барои душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик ҳаргиз қобили қабул нест ва онҳо аз рӯи бухлу ҳасад ва ҷаҳлу нотавонӣ ҳамеша дар пайи айбҷӯӣ ва туҳмату бӯҳтон кардан мебошанд.

Ин гуна мухолифони давлату миллати тоҷик афкору ақидаҳои муғризонаю беасосеро баён ва пешниҳод менамояд, ки онҳо бемантиқу ғайриобъективӣ мебошанд.

Рӯзноманигоре бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худро дар шабакаи иҷтимоӣ ба ҳайси мудири пойгоҳи таҳлилии «Ислоҳ.нет» муаррифӣ кардааст, дар мақолаи хеш бо номи «Э. Раҳмон ва М. Кабириро ба баҳси рӯбарӯ даъват менамоям! » таклиф намудааст, ки дар арафаи 22-юми солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мубоҳисаи рӯ ба рӯи ошкоро ташкил кунанд.

Нахуст ин ки чунин таклифи Муҳаммадиқболи Садриддин аз рӯи ақли солим ва таҳлили сиёсию ҳуқуқӣ бемазмуну бемантиқ, беасосу бепоя ва бебунёд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шарифи тоҷик дар асоси раъйдиҳии умумихалқӣ ба ин вазифаю мансабии олии давлатӣ интихоб намудааст, бино бар ин, Сарвари олии давлати мо масъул ва муваззаф нест, ки бо касе, гурӯҳе ва аъзои ҳизбе мусоҳибаи рӯ ба рӯи ошкоро дошта бошад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар асоси далелҳои мушаххасу воқеӣ ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ эълон кадааст.

Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ҳамчун террористу ифротгаро ва иғвогар солиёни зиёд дар сояву хидмати хоҷагони хориҷии худ қарор дорад, пайваста ба сӯи давлату миллати тоҷик санги маломат меандозад, теша ба решаи ҳастию маънавияти худ мезанад ва он кас аз номи ягон ҳизбу ташкилот ва ягон қишри ҷомеаи имрӯзаи кишвари мо ҳаққу ҳуқуқи сухан гуфтанро надорад.

Аслан чунин андеша ва шеваи масъалагузории рӯзноманигори номбурда нодурусту бебунёд аст ва зарурати сари ин пешниҳод андешаву баҳс кардан вуҷуд надорад.

Ҷомеаи мутамаддин имрӯзаи Тоҷикистон доир ба фаъолияти раис ва аъзои собиқ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва мухолифону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик маълумоти аниқу пурра дорад ва халқи шарифи тоҷик ва, хосса, ҷавонони он дигар ҳаргиз фирефтаи макру найранг ва ҳазёни беасосу бебунёди хоинону душманони давлати мустақили Тоҷикистон намегарданд.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top