Дурӯғгӯии навбатии Муҳиддин Кабирӣ

9-уми сентябри соли 2019 дар кишвари озоду обод ва биҳиштосои мо ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин рӯзи фархунда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуд, ки ин муваффақият ва пешравии бузург дар роҳи ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар ба шумор меравад.

Ин гуна дастовард ва комёбиҳои бузург дар давраи Истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ, нуфуз ва мавқеи давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст ва ин ҳаргиз ба душманону ватанфурӯшони кишвари мо, ки дар мурдоби ҷаҳлу тааcсуб ва бухлу ҳасади худ дармондаанд, маъқул нест.

Чунончи, дар ҳамин рӯзҳои наздик яке аз роҳбарони “Паймони миллии Тоҷикистон” ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҳизби мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудааст) Муҳиддин Кабирӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба низоми сиёсии кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, роҳбарияти олии мамлакат нуқтаи назари муғризонаю беасос ва бебунёду ғайриобъективонаи худро иброз намуд, ки мо чунин афкору ақидаи ӯро ҳеҷ гоҳ намепазирем.

Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин, дар зимни суҳбати худ бо як рӯзноманигор доир ба идома додани муборизаи сиёсии худ ба муқобили давлату ҳукумати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни афкор намуд.

Дар асоси гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ роҳбарияти олии имрӯзаи кишвар мехоҳад, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои хурди силоҳдор, тундраву ифротгаро мавҷуд бошанд, то онҳо ба воситаи амалҳои нодурусту зӯроваронаи худ дар ҷомеа фазои нооромию нобовариро ба вуҷуд оварад ва ҳукумат онҳоро саркӯб намуда, аз ин вазъият ба суди худ суистифода бикунад. Ин ба он мазмун аст, ки агар вазъияти амниятии кишвар ноором бошад, дар он ҳолат дар чунин мамлакат ва ҷомеа аз демократия, озодии афкор ва фаъолнокии институтҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтан ва иҷрои пурраи ин равандҳоро талаб кардан чандон дуруст нест.

Дар ин ҷо низ гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ дур аз мантиқ ва хиради солим буда, аз он бӯи ғаразу ҳасад ва таассубу нифоқ меояд.

Мардуми шарифи тоҷик ва, хосса, ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоянд, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top