Мақсадашон ғаразноку ифлос аст

Дар таърихи ҳаёти сиёсию иқтисодии ҳар як халқу миллат ҳодисаю зуҳуроте, рух медиҳанд, ки онҳо боиси тағйири тарзи ҳаёт, тафаккур шуда, арзишҳои онҳо солҳо дар зиндагии мардум авлавият доштанд. Аммо ин маънии онро надошт, ки тарзи ҳаёт, муносибатҳо тариқи идоракунии ҷомеа, муносибати ҳокимияти сиёсӣ ба мардум ва мардум ба сиёсат ҳамаро баробар қаноат мекунанд ва ҳама аз ҳамдигар розӣ буданд.

Дар ҳам давру замон дар ҳама системаҳои сиёсӣ одамони гуногунфикрдошта, гунагунҳадаф ва аз ҳамдигару ҳокимиятӣ ҳокимиятдорон, норозигӣ доштанд.

Ҳокмимяти сиёсӣ қувваҳои он ҳокимиятро идоракунанда, инро ҳамеша медонистанд, аммо ҷомеаро бо чунин гуногунҳадафию гуногунманфиатӣ, гуногунақидагию дараҷаи тафаккур дар сатҳе, ки ҳама аз он қаноатманд бошанд, барпо намуданд хеле сангин аст. Ба хусус гуруҳҳои сиёсие, ки ҳадафашон қудратхоҳисту барои бадастории ҳокимият дар талошанд, барои онҳо ҳамон низом ҳамон тарзи диди сиёсию иқтисодие маъқул аст, ки онро худашон мепазиранд ва гумон менамоянд, ки маҳз сохтори ҷамъиятии пешниҳоднамудаи онҳо ягона роҳи дуруст ва ҳамаро қонеъкунанда аст.

Он чиз боиси тааҷҷуб аст, ки чунин қувваҳо ночиз будани хешро дар миқдори умумии ҳамақидагияшон дида наметавонанд, ки аксарияти ночизи иҷтимоию сиёсиро ташкил медиҳанд. Онро дарк наменамоянд, ки агар андешаҳои онҳо диди назарашон нақшаи барои оянда доштаашон қобили қабули ҷамъият мебуд, онҳо аксариятро ташкил менамуданд. Онро андеша намекунанд, ки агар барномаи сиёсию иқтисодияшон дар ҷомеа амалишаванда мебуд ва он аз тарафи оммаҳо пазируфта мешуд, онҳо дар ҳамон марҳилаи аввали мубориза баҳри бадастории ҳокимияти сиёсӣ обурую нуфуз пайдо намуда, оммаҳо онҳоро дастгирӣ менамуданд.

Ба хусус, опозитсияи тоҷик онро андеша намекунанд, ки раванди бедоршавии шуури сиёсии қувваҳои гуногуни сиёсию идеологӣ ҳануз дар замони шуравӣ оғоз шуда, ҳар кадом ҳизбу ҳаркатҳои сиёсию фарҳангӣ баробар ба таблиғу ташвиқи андешаҳои хеш оғоз намуда буданд.

Дар ин ҷараён ҳамон идеяҳое боло гирифт, ки бештар ба дараҷаи тафаккури оммаҳо ҷавобгӯ ва барои онҳо воқеияттар менамуд. Қувваҳои сиёсие, ки тавонистанд пешрав шаванд психологияи миллаташонро хубтар медонистанд, анедешаҳои исломгароӣ, арабпарастӣ, бегонапарастиро тоҷик дар тули асрҳо аз хуну пусташ гузаронида буд ва ба он баргаштанро намехост. Миллати тоҷик ва қувваҳои сиёсие, ки мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ақидавӣ, зеҳниро мехостанд, хоҳони он буданд, ки ҷомеаи сирф милии тоҷикии худро барпо намоянд, аз ин рӯ мардум онҳоро пазируфтанд.

Тули солҳои ҷанги шахрвандӣ, ки маҳз зиддиятҳои ақидагии қувваҳои ҳокимиятхоҳ бо ҳам мубориза мебурданд, халқ медид, ки кадом қувваи сиёсиро кадом қувваҳо ва кадом манфиатдорони хориҷӣ дастгирӣ ва маблағгузорӣ менамоянд. Халқ имконияти муқоиса намудан, баҳо додан ва хулоса баровардан дошт. Тули ин солҳои хунин ба ҳар кадом қувваҳои сиёсӣ баҳо дод ва ҳамон қувваҳои солими миллиро дастгирӣ намуд.

Қуввваҳои мухолифе, ки имруз дар дохили ҷомеаи тоҷик дастгирӣ наёфтанду ба хориҷа рафта онҷо ба раванди ҳаёти осоиштаи миллат рахна ворид карданиянд, агарчӣ дар байнашон таҳлигарони сиёсӣ низ ҳастанду чанд чизро ба инобат намегиранд.

1. Тағироти куллие дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд омада дар зери роҳбарии ҳизби халқии демократӣ ҳамон ҳизбе, ки баробари ҳизбу ҳаркатҳои аз хориҷи кишвар қаламронию суханбозӣ менамоянд ба вуҷуд омада буд ва ин ҳизб бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳ ва амниятро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Халқ воқеан бо чашми худ дид ва бо дасти хеш он чиро ки ин Пешво аз миллат хост онро халқ амалӣ сохт. Миллат дид, ки ваъдаи аввалини додаашон “Ман ба шумо сулҳ меорам” – ро амалӣ гардонид.

2. Андешаи пешвои миллат, ки Тоҷикистонро ба ғайр аз худамон касе обод наменамоядро мардум сидқан қабул намуда, ҳамон се ҳадафи статегии пешниҳоданмудаи ҳукумат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоляити энергетикиро амалӣ гардонид. Бо ба кор даровардани агрегати дуюм “НОБ”-и Роғун ҳадафи чорум саноатикунониро низ мардум хуш пазируфтанд.

3.Иддаои ашхоси берун аз ватанро миллат ба он хотир қабул надорад, ки симои Ватанашон дар тули ин солҳо ба куллӣ тағир ёфта зиндагии мардум воқеан ҳам даҳҳо баробар беҳтар шудааст. Қувваҳои бадхоҳи берун аз ватан даъвокунанда воқеиати зиндагии имрӯзаи мардумро намедонанд. Онро низ намедонанд, ки мухоҷирати меҳнатии аҳолии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ин раванди воқеист, чунки аз набудани қувваи барқ сохтани корхонаҳои саноатӣ ва бо ҳамин васила ба ҷои кор таъмин намудани аҳолии қобилияти корӣ дошта ғайри имкон буд. Қувваҳои бадхоҳи миллӣ худ шоҳиди онанд, ки аврупоро муҳоҷирати халқҳои дигар ба чи ҳол оварданд.

4.Онро ба инобат намегиранд, ки роҳи интихобкардаи Тоҷикистон сохтани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ бебозгашт буда онро кулли аҳолӣ дастгирӣ менамоянд. Аммо иддие онҳое, ки дар Тоҷикистон “демократия” нест, “озодии сухан” нест, “ҳуқуқи инсон” поймол мешавад, шумо худ дар ягон давлати аврупои ҳокимиятеро дидед, ки мухолифони зидди низоми сиёсии давлаташон сарашонро “сила” карда бошанд. Он намоишҳое, ки мардум дар куча баромада эътироз менамоянд, он ба мақоми халқии тоҷик “саг аккос мезанад, корвон меравад” баробар аст, онро мо хуб дарк мекунем, ки он ҷо қудрати сиёсӣ дар симои артиш, амният, полис ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд, ин намоишҳо касеро чизе намедиҳанд. Он чизро ки шумо “ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ ҳамчун намуна барои мардуми тоҷик пешниҳод карданиед, худатон хеле хуб медонед, ки онҳо як навъ мазҳакаи сиёсианд”.

Одатан намояндагони як миллат боз агар онҳо иддаои миллатсозию давлатсозӣ дошта бошанд агар дар давлати дигаре, ки ба назарашон пешрафтааст, ончиро қабул ва ба ҳамватанон чӣ таблиғ менамоянд, ки он боиси таъмини амнияти миллӣ, суботи ҳокимияти сиёсӣ, пешравии ҳаёти иқтисодиву илмӣ - техникиааш мегарданд.

Шумо ҷанобони “миллатдуст”, “демократ” ватанпарсти дар хориҷа буда бояд бидонед, ки замоне беҳтарин “андешамандони” хитоӣ худро муқобилони режими комунистӣ номида ба мамолики тарақкикардаи дунё рафта, онҷо ба корхонаҳои саноатӣ, лобараторияҳои илмӣ- техникӣ, бюроҳои кострукторӣ роҳ ёфта ҳама чизеро, ки барои ватанашон судманд буд омухтанд аз худ намуданд ва ба ватанашон баргашта ватанашонро обод ва давлаташонро ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил доданд. Касеро барои “инқилоб” шикасти ҳокимият даъват накарданд. Онҳо нияташон созандагӣ буд, на сузандагӣ. Мардуми тоҷик дар симои Шумо қувваҳои ҳокимиятталабро дида, дар фаъолиятатон амали созандаи судмандро намебинанд.

Ғайр аз ин агарчӣ сиёсат худаш ифлос аст, аммо баъзан қувваҳои сиёсӣ усули тозаи умедбахшандаро низ истифода мебарад. Аммо Шумо ”ҷанобони миллатдуст” дар ҳақи ҳокимияти ҳаммилатони худ, ҳамватонони худ, урфу одат ва анъанаҳои миллии хеш носазогӯӣ кардаю онро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном намуда, дарк намекунед, ки нисбат ба худатон низ нобоварии дигаронро ба вуҷуд меоред.

Шумо аз таърих ягон каси ба ватанаш хиёнаткардаеро медонед,ки номашро ба некӣ ёд мекарда бошанд. Вақте нафаре дар хориҷи ватан ватанаш, миллаташ, ҳокимияти миллиашро сиёҳ мекунад бояд донад, ки вай ҳарифи сиёсияшро не, миллаташ, урфу оддат ва анъанаҳои миллиашро бадном менамояд. Пас арҷ нагузоштан ба воқеияте, ки имрӯз аксарияти мутлақи миллат онро қадр менамояд, аз он воқеъият розӣ аст ва ояндаи некро интизор аст, норозӣ аз ваъдаи фардои қиёмат аст, чунки имрӯзаш хуб аст ва худ шоҳиди ҳар рӯз беҳтаршавии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию фарҳангӣ аст.

Дар боло ишора кардем, ки ҳеҷ як давлат, ҳеҷ як системаи сиёсӣ ба ҳама баробар мақул нест. Он ҷое ки норбаробарии иқтисодӣ вуҷуд дорад он ҷо нобаробарии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ вуҷуд дорад. Шумо дар аврупоед чаро мардуми Каталония истиқлолият мехоҳанду ба вай Испания истиқлолият намедиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Каталонияро дастгирӣ наменамоянд. Чаро курдҳои дар Туркия буда мухторият мехоҳанд, аммо ин давлат ки ҳизби коргарии курдҳоро ки ҷонибдори мухториятанд терарист эълон намуда ба муқобилашон дар ҳудуди Сурия меҷанганд, аммо касе чизе намегӯяд. Дар Фаронса намоишгаронро ба маҳкама барои чӣ кашидаанд? Яъне ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунҳои доштааш ҳама кас ва қувваҳои сиёсиеро ки боиси халалдор гаштани низоми муътадили сиёсӣ мегарданд ба хотири сулҳу субот ҷазо медиҳанд.

Тоҷикистон низ давлати мустақили миллист.
Конститутсия, давлат ва дар симои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро кафили таъмини амнияти миллӣ эътироф намудааст.

Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон аз руи кафолати додаи миллат амал намуда, ҳамон усулу воситаҳоеро истифода мебарад, ки он суҳу амният ва пешравии ҳаёти ҷамъиятиро таъмин намояд. Аз ин рӯ Шумо “ҳомиёни бурунмарзии миллӣ” бидонед, ки ашки ба зери поятон рехта ҳатто ҳамон гарди поятонро тар нахоҳад кард.

Мардуми шаҳди “ватанхоҳӣ” -атонро чашида ва хуб медонанд, ки он талх аст. Шумо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ умед надошта бошед. Миллат ҳаргиз ба Шумо бовар надорад ва боварӣ нахоҳад кард, чунки ҳадафатон, мақсадатон, ғаразноку ифлос аст.

Дотсент Хуморов Д. М.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top