Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ БУЗУРГТАРИН ИНШООТИ АСРИ XXI

БУЗУРГТАРИН ИНШООТИ АСРИ XXI

ё муъҷизаҳои офаридашуда дар натиҷаи муттаҳидии халқ дар атрофи Пешвои маҳбуби худ.

Мардуми шарифи тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо азму ирода ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9-ми сентябри соли равон дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди боз як рӯйдоди муҳиму нодир - ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» гардида, зиёда аз 28 сол боз дар фазои сулҳу озодӣ ва ободию гул-гулшукуфӣ бо шукургузорӣ арзи ҳастӣ доранд.

Ин чунин маъно дорад, ки дар кишвар ҳануз 18 ноябри соли 2018 аз ифтитоҳи агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» марҳилаи сифатан нави рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи энергетика оғоз ёфта, мардуми тоҷик бо меҳнати содиқона таҳти роҳбарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди неругоҳу хатҳои интиқоли барқ, зерсохторҳои асосии коммуникатсионӣ ва энергетикиву саноатии мамлакат камари ҳиммат баста, дар натиҷаи муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои маҳбуби худ ба комёбиҳои беназир ноил гардидаанд.

Дар воқеъ, дар ҷаҳони муосир иншооте арзи вуҷуд намуд, ки барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо сарчашмаи муттаҳидӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва сарбаландию сарфарозӣ, балки мояи ифтихори имрӯзу фардо, амалӣ гардидани ормони миллӣ, рӯи сурхи ҳар як сокини бонангу номус ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик мебошад.

Дар ҳақиқат, чунин иншооти таърихӣ барои мардуми ҷумҳурӣ - ин Неругоҳи барқи обии «Роғун» - Кохи бузурги нури миллат аст, ки бо ташаббуси бевосита ва заҳматҳои бемислу монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, оғози кори нахустин ва дуюмин шӯълаи чароғистони бузурги миллат, яъне агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 - дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агрегати дуюми он 9 сентябри соли 2019 дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд. Бешубҳа, нақши Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» хеле бузург аст.

Хусусияти хоси даврони Истиқлолияти давлатӣ ин шарофати худи Истиқлолият аст, ки дар натиҷаи муттаҳидии воқеии халқи тоҷик дар атрофи Пешвои маҳбуб ва муаззами худ пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардумро фароҳам овардааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз пайваста зиёд гардидани талабот ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ бо сабаби афзоиши аҳолӣ, барпо шудани садҳо ҳазор оила ва бунёди ҳазорон манзили истиқоматии нав, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол таъминоти аҳолиро бо неруи барқ беҳтар гардонад. Зеро иқтидори зиёдгардидаи истеҳсолии соҳаи энергетика дар ин солҳо бе дарназардошти НБО «Роғун» ба қадри 1520 МВТ худ гувоҳи гуфтаҳои боло аст.

Аз ҷумла таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Помир-1» ва «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА-1000 аз комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Зеро бо татбиқи лоиҳаҳои дар боло зикргардида дар даҳ соли охир сохтмончиён ва бунёдкорони майдони заҳмати созандаи энергетикӣ, дар саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии мамлакатро 1320 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110 - киловолта мавриди роҳандозӣ ва баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҷомаи амал пӯшонидани орзуву омоли деринаи миллӣ ва таърихии халқи тоҷик саҳми босазое гузоштанд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, зиндагии осудаи мардум ва ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмону васлкунӣ дар он бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 фоизи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

Бояд зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордод ба имзо расонидааст, ки тибқи он барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО «Роғун» 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷои хурсандӣ ва ифтихор аст, на танҳо коршинони ватанӣ, балки коршиносони байналмилалӣ ба ташаббуси Пешвои миллати Тоҷикистон дар бунёди НБО-и «Роғун», ба паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири давлатдорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир ӯ баҳои баланд додаанд. Чунки ташаббусҳои нодир ва амалияи самараноки бесобиқаи Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум равона шуда, боиси таъмини на танҳо истиқлолияти энергетикии мамлакат, балки ҷаҳиш, офаридани муъҷизаҳо ва пешрафтҳои беназир дар иқтисодиёти миллӣ гаштаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар маросими оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» 16 ноябри соли 2018 дар шаҳри Роғун ибораи КОХИ БУЗУРГИ НУРИ МИЛЛАТ-ро истифода бурда, зикр намуданд, ки “баъди гузашти айём бо ифтихор хоҳем гуфт, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мо бо заҳмати худамон, бо саъю талоши халқи бузургворамон дар ҳамкорӣ бо беҳтарин мутахассисони кишварҳои дунё бунёд намудем ва он шаҳодати рӯшноии тафаккури миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, эътибор ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон мебошад”.

Тавре ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, нависанда, сенариянавис ва публитсисти номвари Федератсия Россия Александр Проханов Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро «зебоии илоҳӣ» номида, зикр менамояд, ки тоҷикон, муҳандисони бузург, бунёдкорон якҷоя ва бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон куҳро шикофта, як тамаддуни азими зеризаминӣ сохтанд, то ки аз он маҷрои нур берун ояду Тоҷикистон, олами атроф, тамоми зиндагии рӯи Заминро мунаввар созад.

Ӯ мефзояд, ки “ман дар тӯли умри худ бисёр корномаҳои инсонҳоро дидам, вале ин корнамоии тоҷикон бесобиқа аст. Ман ҳамеша ба ваҷд меоям, вақте дар ҷойи харобаҳо ва фоҷиаҳо гулистонҳо, офаридаҳои муҳташами дасти инсонҳо пайдо мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки ин зебоии зеризаминист, вале дар ҳама сурат он зебоии «илоҳист»!”.

Комёбиҳои бузурги бадастовардашуда дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои муаззам ва маҳбуби миллат, Президенти ҷуҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сабаби ҳамасола баланд гаштани обрӯ ва мавқеи давлату миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Муссалам аст, ки ба чунин комёбиҳо ноил гардидани халқи тоҷик ҳаргиз ба душманону ватанфурӯшони кишвари мо, ки дар ҷаҳлу таассуб ва бухлу ҳасади худ печидаанд, маъқул набуда, онҳо бо ҳар роҳ кӯшиш менамоянд, ки нисбат ба низоми сиёсии кишвар, сулҳу ваҳдати воқеии миллӣ ва роҳбарияти олии ҷумҳурӣ нуқтаи назари беасосу бебунёду худро иброз намоянд. Вале халқи тоҷик чунин афкору ақидаҳоро ҳанӯз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ маҳкум намуда, онҳоро ҳеҷ гоҳ маъқул намешуморад. Дар ин раванд, мо низ нуқтаи назари ғайриобъективонаи яке аз роҳбарони “Паймони миллии Тоҷикистон” ва раиси ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълонкардашудаи “Наҳзати Исломии Тоҷикистон”, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба низоми сиёсии кишвар ва роҳбарияти олии кишвар иброз намудааст, маҳкум намуда, чунин ақидаю афкори пур аз туҳмату бардуруғи дур аз мантик ва хиради солим будаи ӯро ҳеҷ гоҳ қабул надорем ва намепазирем. Чунки аз ин гуфтаҳо бӯи ғаразу ҳасад ва таассубу нифоқ меояд.

Воқеан, Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи нави сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ба даст омадани шароит бо ташаббус ва кӯшишҳои бемислу монанди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ ва pyшди имрӯзу фардои Тоҷикистони азизамон бо ҷалби 67 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва шумораи умумии зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон ва бо истифода аз 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст. Чуноне ки дар суханрониашон Пешвои миллат зикр намуданд: « …90 фоизи корҳо дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар зери замин анҷом дода мешаванд, бинобар ин кор дар ин сохтмон аз нақбканҳо ва мутахассисону коргарон заҳмати сахт ва матонати зиёдро талаб мекунад… .

Боварӣ дорам, ки таҷрибаи бойи мутахассисони Тоҷикистон дар оянда на танҳо дар дохили кишвар, балки дар мамолики дигар низ васеъ истифода хоҳад шуд. То имрӯз бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо, ки дар зери кӯҳ ҷойгир шудааст, бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст, ки дар ҷаҳон назир надорад».

Дар ҳақиқат, агрегатҳои аввал, нури аввал ва нахустшӯълаҳои чароғистони бузурги миллат оғози давраи нави ҳаёти ҷомеа ва шарти пешрафти устувории ҷумҳурӣ ва рӯзгори ободи ҳар як сокини мамлакат буда, бо ишора ба суханронии Пешвои маҳбуб ва муаззами миллат бо боварӣ гуфта метавонем, ки минбаъд қалби хурду бузурги сокинони ҷумҳурӣ саршор аз гармии меҳри Ватан ва хонадони ҳар як фарди онро пур аз хушбахтиву иқбол аз нури «Роғун» равшан хоҳад кард.

Ҳамин тариқ, муъҷизаҳои офаридашуда дар натиҷаи муттаҳидии халқ дар атрофи Пешвои маҳбуби худ ба даст омада, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан ҷавонон имрӯзҳо шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти давлатӣ намуда, бо сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамрадифанд.

Нозимҷон Нидоев - мудири кафедраи экспертизаи
молҳо ва фаъолияти гумрукии
ДДТТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ БУЗУРГТАРИН ИНШООТИ АСРИ XXI