Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Департаменти таълим

Департаменти таълим

 

Сардори департаменти таълим номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

 Мирзоев Раҳмоналӣ Раҷабович

 

 

 

Сохтори департаменти таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутобиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ №2 аз 30.10.2007 дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикитон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил карда шудааст.

Сохтори департаменти таълим аз се шуъба иборат аст:

Шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот.

Сардори шӯъба дотсент Ҳусейнов Бойалӣ Алиевич

Дар шӯъба 6 нафар кору фаъолият мекунад.

1. Шарипова Мавҷуда - мутахассис

2. Каримбердиев Облоназар - мутахассис

3. Ғуломова Ҳоҷибибӣ – методист

4. Ғуломова Шоира - методист

5. Набиев Ҳисомиддин – методист

6. Содиқов Додихудо – муҳандис - барномасоз

Шуъба вазифаҳои зеринро ба ӯҳда дорад.

  • мусоидат кардан барои дар ҷараёни таълим ворид намудани технологияи инноватсионӣ.
  • таъмини ташкили раванди мутаъдили таълим дар Донишгоҳ;
  • ҷобаҷогузорӣ ва пайдарҳамии омӯзиши фанҳои дар нақшаи таълими нишондодашуда;
  • муайян намудани фанҳои интихобии омӯхташаванда;
  • муҳайё намудани заминаҳои меъёрию методӣ барои таъмини идоракунии сифати таълим;
  • таҳия ва истифодаи усулҳои ҳозиразамони назорат, таҳия ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулиятҳои лексионӣ ва амалии омӯзгорон;
  • назорати иҷроиши нақшаҳои таълимӣ аз тарафи кафедраҳо ва устодон;
  • назорат ва санҷиши ҳисоби сарбориҳои таълимии кафедраҳо;
  • назорат ва санҷиши сарбории устодони кафедраҳо;
  • ҳисобот дар маҷлиси департамент, шӯрои илмии Донишгоҳ;
  • ахборот оиди фаъолияти шӯъба дар Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳ;
  • ташкил ва гузаронидани озмуни муаллими сол, семинар ва конференсияҳои илмӣ методӣ оид ба баланд бардоштани дараҷаи усулҳои пешқадами дарсдиҳӣ баланд бардории сифати таълим;
  • дар байни устодони Донишгоҳ паҳн намудани таҷрибаи пешқадами баланд бардоштани маҳорати педагогӣ;
  • пайваста омӯхтани ақидаи донишҷӯён оид ба таълими фан, пурсиши анкетавии фаъолияти педагогии устодон аз нигоҳи донишҷӯён;
  • таҳлили саволномаҳо ва тестҳои имтиҳоноти ҷамъбастӣ, билетҳои имтиҳонотӣ.

Шӯъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварат.

 

 

Сардори шӯъба, муаллими калон, Бӯриев Беҳрӯз Маҳмадалиевич

 

 

 

 

  Дар шӯъба 5 нафар кору фаъолият мекунад

      1. Тулиев Маҳмадулло Сарварович – бақайдгирандаи факулта муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқ

     2. Саладорова Афзуна – бақайдгирандаи факултаи иқтисодиёт ва менеҷмент

      3. Бобораҷабова Зарина Маҳмадҷонова– бақайдгирандаи факултаи тиҷорат ва гумрук

     4. Санавбар Турахонзода – бақайдгирандаи факултаи  умури бонкӣ

        5. Саидов Назаралӣ – бақайдгирандаи шӯъбаи ғоибона

Маркази бақайдгирӣ ва машварат (МБМ) дар низоми кредитии таҳсилот яке аз сохторҳои асосии донишгоҳ ба шумор меравад. Фаъолияти таълимии донишҷӯён дар давраи таҳсил ба МБМ алоқаи зич дорад. Фаъолияти МБМ автоматикӣ кунонида шудааст.

Ҷараёни автоматикунонӣ дар донишгоҳ тамоми сохторҳои донишгоҳ, аз ҷумла маъмурият, шӯъбаи кадрҳо, муҳосибот, департаменти таълим, факултетҳо, кафедраҳо ва дигар шӯъбаҳоро дар бар мегирад.

Ҳангоми автоматикунонии ҷараёни таълим дар базаи маълумотҳо барои ҳар як донишҷӯ маълумоти саҳеҳ ҷойгир карда мешавад ва ҳар як донишҷӯ рамзи худро дорад. Масалан, рамзи 200911023 чунин маъно дорад; чор рақами аввал соли дохилшавӣ, рақами панҷум рамзи факултет, рақами шашум рамзи ихтисос ва се рақами охир рақами сабти донишҷӯ дар ихтисос мебошад.

Ҷараёни автоматикунонии раванди таълим ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки тавассути шабакаи дохили донишгоҳ Интерчейси худ дохил шавад. Интерфейс – саҳифаи авали маълумотномаест, ки дар он донишҷӯ бо рамзи худ дохил шуда барои худ маълумотҳои зарурӣ падо менамояд. Устодон низ ба Интервейси худ ворид шуда, дар бораи гурӯҳҳое, ки дар онҳо дарс мегузаранд, маълумоти пурра мегиранд.

Ҳамин тариқ, автоматикунонии ҷараёни таълим имконият медиҳад, ки устодон ва донишҷӯён доир ба фаъолияти худ, ҷарайни таълим ва натиҷаҳои он тавассути татбиқӣ технологияи иттилоотӣ маълумоти пурра гиранд.

Донишҷӯён ва устодон баъди гирифтани маълумот фаъолияти худро таҳлил намуда ба хулосае меоянд, ки фаъолияти минбаъдаи худро чӣ тавр ба роҳ монанд, ки ба натиҷаҳои мусбат оварда расонад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки автоматикунонии ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсилот дар баланд баодоштани сифати тайёркунии бакалавҳои оянда саҳми калон мегузорад. Рӯйхати фанҳои интихобии донишҷӯён дар соли таҳсил барои муаррифии онҳо, натиҷаҳои ҷамъбастӣ аз тарафи МБМ ба раёсати факултетҳо ва донишгоирсол карда мешавад.

Шӯъба вазифаҳои зеринро ба ӯҳда дорад.

  • тамоми фаъолияти таълимии донишҷӯён дар давраи пурраи таҳсил ба МБМ сахт марбут аст.
  • дар МБМ автоматикунонии раванди таълим ба пуррагӣ фаъолият мекунад.
  • барномаи автоматикунонии раванди таълим аз давраи аввали бақайдгирии донишҷӯ дар факулта, курс, семестр оғоз гардида то давраи хатми донишгоҳ (гирифтани диплом ва замимаи он);
  • дар барнома факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ рамзгузорӣ наимуда, онро ба шабакаи локалии    умумидонишгоҳи васл намудан;
  • пешниҳоди фанҳои интихобӣ дар соли таҳсил барои муаррифии онҳо;
  • ба қайд гирифтани натиҷаи имтиҳонҳои фосилавии якум ва дуюм (Рейтинги 1 ва 2);
  • ба қайд гирифтани натиҷаи имтиҳонҳои ҷамъбастӣ аз тарафи МБМ ва раёсати факултетҳо ва донишгоҳ ирсол намудани он.

3. Шӯъбаи худбаҳодиҳӣ. Мутахассиси шӯъба номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раҳмонқулов Мардонқул. Ин шӯъба дар давоми соли таҳсили 2014-2015 таъсис дода шудааст, ки дар он як нафар кору фаъолият мекунад.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ