Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ ДДТТ Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ дар фаъолияти худ талаботҳоро оид ба сиёсати кадрӣ ва таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди татбиқи амалӣ қарор додааст.

Коргузорӣ, ки дар фаъолияти идоракунии донишгоҳ ва рушду беҳбудии он саҳми муҳим дорад, аз меҳнату кордонии аъзои ин сохтор вобастагии зич дорад. Фаъолияти Раёсат ба интихобу ҷобаҷогузории мутахассисони касбӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии онҳо, мустаҳкам намудани интизоми меҳнат, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавежа, ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани фармону санадҳои Раёсати донишгоҳ нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ дар тамоми факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои дигар ба таври мунтазам таҳлилу санҷишҳо гузаронида, бо пешниҳоду тавсияҳои асоснок дар татбиқи муваффақонаи сиёсати кадрӣ саҳми муносиб мегузорад. Нақши ин сохтор дар татбиқи Қонуни забони давлатӣ бисёр муҳим буда, таҳияи маводи гуногун ва ҳуҷҷатгузорӣ дар донишгоҳ ба ин забон амалӣ мегардад.

Дар муддати солҳои зиёд як зумра занони кордону масъулиятшинос ба мисли Магкеева Л.С. (1987-1990), Ракина Л.П. (1990-1991), Турсунова Т.С. (1991-1992), Гайниева Л. (1992-1993), Мирсаидова С., Дадаҷонова Л.К.(1994-2013), Ятимова Ш.А. (аз соли 1995-2015) ба ҳайси роҳбар саҳми арзандаи худро дар рушду такомули Раёсати мазкур гузоштаанд.

Аз соли 2015 сарварии Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқиро Мумтоз Назирӣ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (солҳои 1996-2001), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (солҳои 1999-2008) ва айни замон унвонҷӯи шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба уҳда дорад.

Ҳоло дар ин ҷо ҳуқуқшинос Қиличбек Ҳурматов, сармутахассис Дилафрӯз Хуморова ва мутахассис Моҳира Нарзуллоева кору фаъолият менамоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ ДДТТ Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ