Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

 Мудири кафедра

Саидова Мунаввара Хамидовна

_______________________________________________________________________________________________________

Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумӽурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон, Аълочии кооператсияи матлюботи Ҷумӽурии Тоҷикистон, н.и.и., дотсент

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣбо қарори Шӯрои олимони донишгоӽ соли 2005 таъсис дода шуда, то ин вақт ӽамчун шӯъбаи варзишӣ аз соли 1995 фаъолият дошт. Кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ» аз як тараф ба донишҷӯён дарси варзишӣ ва аз ҷониби дигар, тибқи ӽаваси донишҷӯён сексияӽои варзишӣ ташкил намуда дар солим гардонидани тарзи зиндагии ҷавонон саӽми арзанда мегузорад.

Кафедраро ӽангоми шӯъбаи варзишӣ фаъолият доштанаш дар солӽои 1995-1996 Абдуев Зиё ва солӽои 1996-1997 н.и.п., дотсент Шодиев Абдураӽим роӽбарӣ намуданд.

Дар кафедра устодони зерин фаъолият менамоянд: Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумӽурии Тоҷикистон, устоди варзиш, муаллими калон Замонаев М., номзад ба устоди варзиш, муаллими калон, Иззатов Л.А., Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумӽурии Тоҷикистон, муаллими калон Файзалиев Д.С., муаллими калон Минмаматов Р.Ю., муаллими калон Раӽимов М. ва оператор Фарзонаи Фируз. кор мекунанд.

РАВИЯИ АСОСИ

Дар раванди тайёр намудани мутахассисони варзида роли тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хело баланд аст. Амали гардонидани ин нақшаӽо дар донишгоӽ ба зиммаи кафедраи тарбияи ҷисминии гузошта шудааст. Фаннӣ тарбияи ҷисмонӣ дар донишгоӽ ӽатми мебошад.

КОРӼОИ ТАЪЛИМӢ

Вазифаи асосии кафедра пеш аз ӽама омӯзонидани ин фанни таълимӣ ба донишҷӯён, тайёр намудани варзишгарони варзида, ҷалб намудани донишҷӯён дар бахшӽои варзишӣ ва инчунин амали намудани талаботӽои барномаи давлатии инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумӽурии Тоҷикистон ба ӽисоб меравад.

Дар нақшаӽои таълимии ӽамаи ихтисосӽои донишгоӽ омӯхтани фанни тарбияи ҷисмонӣ дар курси якум ва дуюм ба нақша гирифта шудааст. Дар донишгоӽ дарси тарбияи ҷисмонӣ фанни хатмӣ (4 кредит - 96 соат) мебошад, дар курси якум (ду семестр - 64 соат) ва дар курси дуюм (як семестр - 32) гузаронида мешавад.

КОРӼОИ ТАЪЛИМӢ - МЕТОДӢ ВА ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТӢ

Барои пешравии ҷараёни таълим дар кафедра маҷмӯи таълимӣ-методӣ бо забони тоҷикӣ ва рӯси, 4 дастури методӣ ва силлабусӽои дарсиро бо забонӽои тоҷикӣ ва русӣ аз ҷоп бароварданд. Устодони кафедра дар конференсияӽои дохили донишгоӽ ва берун аз донишгоӽ мунтазам иштирок менамоянд. Дар кафедра корӽои илмӣ тадқиқотӣ дар мавзӯи «Масоилӽои ташаккулёбӣ ва рушди хизматрасонии варзишӣ дар Ҷумӽурии Тоҷикистон» иҷро карда мешаванд, ки натиҷаӽои он дар се монография ва 45 мақолаӽои илмӣ дарҷ карда шудааст.

Дар моӽи апрель соли 2013 дар озмӯни «Донишҷӯй ва прогресси илми-техникӣ», ки аз тарафи вазорати маъорифи Ҷумӽурии Тоҷикистон гузаронида шуд, донишҷӯи курси 2 ихтисоси 0604р Каримова Шохина бо мавзӯъи «Использование новых информационных технологий при проведении занятий по физическому воспитанию» бо роӽбарии дотсент Саидова М.Х. сазовори ифтихорнома гардид.

КОРӼОИ ВАРЗИШӢ

Дар донишгоӽ ду майдончаи варзишӣ ва толори варзишӣ бо талаботӽои хозиразамон ҷавобгӯ мавҷуд аст.

Дар толори варзишӣ ӽамаи намудӽои дарсӽои амалӣ ва мусобиқаӽои варзишӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин дар қабати дуюми толор синфхонаӽои махсус барои гузаронидани дарсӽо аз рӯи намуди билиард, шашка, шоӽмот, тенниси рӯи миз ва машқӽои варзишӣ бо истифодаи таҷӽизоти варзишӣ фаъолият менамоянд.

Майдончаи варзишии №1 барои гузаронидани дарсӽои амалӣ ва мусобиқаӽои варзишӣ аз рӯи намуди волейбол, баскетбол, бадминтон ва тенниси калон махсус гардонида шудааст.

Майдончаи варзишии №2 барои гузаронидани дарсӽои амалӣ мусобиқаӽои варзишӣ аз рӯи намудӽои футболи хурд, варзиши сабук ва гимнастика махсус гардонида шудааст.

Барои гузаронидани машѓулиятӽо ва мусобиқаӽои дохили, ноӽиявӣ, шаӽрӣ ва ҷӯмӽуриявӣ ӽамаи намуди ашъёхои варзишӣ мавҷуд аст ва ба талабот ҷавоб медиӽад.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ