Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

РАЁСАТИ ДДТТ КУЛЛИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲРО БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ САМИМОНА ТАБРИКУ ШОДБОШ МЕГӮЯД.

Шуъбаи муҳосибот

Шуъбаи мазкур яке аз шуъбаҳои асосии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳ нақши арзанда дорад. Соли 1987, яъне соли ташкилёбии донишгоҳ Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот устоди кордону ботаҷриба Шералӣ  Раҳимовро ба вазифаи сармуҳосиби филиали душанбегии Донишкадаи давлатии кооперативии шаҳри Новосибирск тайин намуд, ки  ӯ дар ташаккули бахши муҳосибот саҳми назаррас гузошт. Имрӯз дар шуъбаи муҳосибот двоздаҳ нафар корманд фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо дорои собиқаи зиёди меҳнатӣ буда, аксар хатмкардагони ҳамин донишгоҳ мебошанд.

Шуъбаи муҳосибот мунтазам кӯшиш менамояд, ки моликияти донишгоҳро ҳифз намуда, маблағҳои воридшударо барои ташкили раванди таълиму тарбия, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ самаранок истифода барад. Аз соли 1998 шуъба ба низоми автоматикунонии муҳосибот гузаштааст.

Аз соли 1999 то соли 2011 вазифаи сармуҳосибии донишгоҳро Собиров Қ.С., аз моҳи январи соли 2011 то сентябри соли 2015 Холов М.Х., аз сентябри соли 2015 то моҳи феврали соли 2017 Рашидов Ш.Н.ба ҷо оварданд. Аз феврали соли 2017 то имрӯз ин вазифаи масъулиятнок ба уҳдаи Фаёзов Сайдулло, ки  дар соҳаи Иттифоқи Тоҷикматлубот зиёда аз 28 сол таҷрибаи корӣ дорад, гузошта шудааст. Бояд гуфт, ки ҳар кадоми номбурдагон дар пешбурди соҳаи муҳосибот саҳми муносиб гузоштаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол бо назардошти имкониятҳо музди меҳнати кормандон ба андозаи 10-15% зиёд карда шуда, заминаи моддию техникии донишгоҳ низ мустаҳкам карда мешавад. Аз ҷумла, толори замонавии варзиш, бинои китобхона, осоишгоҳ барои истироҳати кормандон, майдончаи теннис, волейбол, баскетбол, бинои таълимии №7 сохта ба истифода дода шуданд. Биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён пурра таъмир карда шуда, марказ ва синфхонаҳои компютерӣ, нуқтаи тиббӣ, бойгонии донишгоҳ, матбааи хурди “Тоҷир” ва ғайра сохта шуданд. Инчунин, аз тарафи  шуъба раванди пасандози маблағҳои озод ташкил карда шудааст, ки он барои беҳдошти фаъолияти молиявии донишгоҳ кумаки амалӣ мерасонад.

Аз ҳисоби даромади донишгоҳ ҳар сол 60-70 нафар устод ва корманд барои истироҳату табобат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода шуда, барои ташкил ва гузаронидани ҷашнҳо кумаки моддӣ расонида мешавад.

Барои нигоҳ доштани моликияти донишгоҳ шуъбаи муҳосибот соле як маротиба азнавбақайдгирии молу мулкро мегузаронад. Фаъолияти шуъба соле як бор аз тарафи мақомоти андоз ва як маротиба дар ду сол аз ҷониби муассис-Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.

Дар донишгоҳ, инчунин,   шуъбаи таҳлили молиявӣ ва рушди стратегӣ амал менамояд, ки сардории ин шуъбаро иқтисодчии ботаҷриба ва кордон Ҳамза Раҳимов аз соли 1999 то ин ҷониб  ба уҳда дошта,  ҳамроҳи  шогирдонаш  Фақеров Парвиз- сармутахассис,   Ҳасанов Ҳаким муҳандис-лоиҳасоз  ва Шарипов Мубориз- мутахассис оид ба  омор тамоми  паҳлуҳои иқтисодиётро меомӯзанд ва пешбурди кору фаъолияти донишгоҳро ба тарзи воқеӣ таҳлилу  таҳия намуда, фаъоляти хоҷагӣ - молиявии донишгоҳро  пеш мебаранд.

Алҳол ҷидду ҷаҳди кормандони шуъбаи муҳосибот ва шуъбаи таҳлили молиявӣ ва рушди стратегӣ  ба он равона гардидааст, ки коргузорию хизматрасонӣ ва дигар корҳои марбут ба соҳаи муҳосиботро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ