Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ ДДТТ Ректор

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович


Дȳстони азиз!

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тȳли фаъолияти хеш ҳазорҳо мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои иқтисоду тиҷоратро тайёр намудааст, ки имрȳз ба сифати роҳбарону мутахассисони сохторҳои гуногуни давлативу тиҷоратии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар фаъолият доранд.

Раёсат, ҳайати илмӣ – омȳзгорӣ ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамарȳзаи хеш дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, аз он мефахранд, ки дар мулоқоти худ бо донишҷȳёни боистеъдоди кишвар, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, Пешвои миллат ба дастовардҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, роҳҳои боз ҳам самаранок намудани раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои дар бозори ватанӣ ва ҷаҳонӣ рақобатпазирро изҳор намуданд.

Дар шароити муосири рушди иқтисодиёти кишвар ва раванди ҷаҳонишавии ҷараёнҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олии кишвар, мо дурнамои рушди донишгоҳро бо самтҳои зерин вобаста медонем:

•    тақвияти минбаъдаи иқтидори моддию техникӣ ва кадрии донишгоҳ тавассути истифодаи таҷҳизоту технологияи муосири таълимию илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои нави илмию таълимӣ, ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмӣ – омȳзгорӣ ва такмили ихтисоси устодон дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар;

•    таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ аз ҳамаи фанҳои таълимӣ бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ва таъмини пурраи донишҷȳён бо онҳо дар шакли чопӣ ва электронӣ;

•    таҳия, тасдиқ ва татбиқи амалии барномаи мақсадноки «Менеҷменти сифат», таъмини рақобатпазирии донишгоҳ дар бозори хизматрасонии таҳсилотӣ;

•    таъсиси Шȳроҳои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва PhD доир ба самтҳои илмии донишгоҳ;
•    таъмини гузариши пай дар пайи ихтисосҳо, факултетҳо ва донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ;

•    густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, иштирок дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо мақсади вусъат бахшидани табодули донишҷȳёну устодон, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ.

Қайд кардан зарур аст, ки комёбиҳои устодону кормандон ва донишҷȳёни донишгоҳ бо дастгирии моддиву молиявии муассис – Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва дастгирии иқдомҳои донишгоҳ ҷиҳати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии таҳсилот ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Бо эҳтиром,
Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович
Ректори донишгоҳ,
доктори илмҳои иқтисодӣ, професоор

 

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ ДДТТ Ректор