Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ ДДТТ Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ

Кормандони шуъбаи умумии донишгоҳ зимни фаъолияти худ талаботҳоро оид ба сиёсати ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди татбиқи амалӣ қарор медиҳанд.

Коргузорӣ ҳамчун рукни муҳимми фаъолияти мутахассисони шуъба дар масъалаи идоракунӣ ва рушду беҳбудии донишгоҳ аҳамияти бузург дорад. Фаъолияти кормандони шуъба аз бақайдгирии фаврии ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ба мақомоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии донишгоҳ иборат мебошад.

Ҳамчунин, мутахассисони шуъбаи умумӣ дар тамоми факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ дар мавзӯи ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи қабули онҳо ба таври мунтазам таҳлилу санҷишҳо гузаронида, бо пешниҳоду тавсияҳои асоснок дар татбиқи сиёсати ҳуҷҷатгузории ин боргоҳи илму маърифат саҳми арзанда мегузоранд.

Аз 2-юми октябри соли 2017 сарварии шуъбаи умумиро Райҳона Исмоилова, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (солҳои 2007-2013), ки ҳоло унвонҷӯи шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад, ба уҳда дорад.

Кунун дар шуъба мутахассиси пешбар Фирӯза Бобоева, мутахассиси пешбар Рухшона Мирзохоҷаева ва хатбар Саъдӣ Додарбеков кору фаъолият менамоянд.

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ ДДТТ Шуъбаи умумӣ