Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Application call for Erasmus+ at the University of Pisa, Italy is open now.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович


Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таърихи нисбатан тулонӣ надошта бошад ҳам, дар натиҷаи фаъолияти пурсамару содиқонаи ҳайати кормандонаш тавонист, ки ба яке аз марказҳои илмӣ-таълимии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёбад.

Имрӯз донишгоҳ яке аз муассисаҳои таълимии олии махсусгардонидашуда бо тамоили иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки таълим ва такмили ихтисоси мутахассисонро дар асоси низоми бисёрзинагии таҳсилот барои соҳаҳои иқтисод, идоракунӣ, хадамот ва, инчунин, омода намудани кадрҳои илмӣ-омузгорӣ ба ӯҳда дорад.

Ба ҳайати устодони расмии донишгоҳ, олимони шинохта, докторони илм, профессорон, арбобони илм ва техникаи ҷумхурӣ, номзадҳои илм, дотсентҳо, инчунин, олимони ҷавон-хатмкунандагони донишгоҳ дохил мебошанд.

Пойгоҳи моддӣ-техникии мукаммал ва потенсиали кадрии донишгоҳ имконият медиҳанд, ки донишҷӯён маълумоти амиқи бунёдӣ гирифта, дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд.

Имрӯз дар вазифаҳои масъули роҳбарикунандаи низоми кооператсияи матлубот, соҳаи пардохту даромадҳо, низомҳои бонкдорӣ ва андоз, молия, иқтисод ва тиҷорат, корхонаҳои бахши хусусӣ бомуваффақият кору фаъолият намудани хатмкунандагони донишгоҳи мо аз он шаҳодат медихад. Ҳайати кормандони донишгоҳ медонанд, ки гарави муваффақиятҳои мо дар ташаббускорӣ, малакаи баланди касбӣ, серталабӣ, дастёбӣ ба сатҳи баланди тадрис ва мавҷуд будани фазои мусоиди боварӣ дар донишгоҳ мебошад. Онҳо бо тамоми ҷиддият барои болоравии сифати таълим ва ҷои сазоворро дар бозори хадамоти таҳсилоти ва илмӣ ишғол намудан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,ки раванди таълимро тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда, барои ворид шудан ба фазоӣ ҷаҳонии таҳсилот қадамҳои устувор мегузорад.

Сазовор гаштан ба Ҷоизаи байналмиллалии "Сифати аврупоӣ" ва "Муассисаи беҳтарини Аврупо", ҳамкорӣ бо мактабҳои олии давлатҳои ИМА, Фаронса, Итолиё, Испания, Ҷумхурии Исломии Эрон, муассисаҳои таҳсилоти олии ИДМ, ташкилотҳои байналмилалии "Евразия", "Сорос", "Темпус", "Диалог Евразия ", далели ҳамкориҳои судманди байналмилалии донишгоҳ мебошад.

Ҳар як ташаббуси мо оид ба болоравии сифати таҳсилот ва самаранокии фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ аз тарафи муассис-Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Вазорати маориф ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад. Ин ба мо рȳҳу илҳоми тоза мебахшад ва умеду бовариро ба ояндаи дурахшони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар қалбҳои мо афзун мегардонад.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ