Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

ДОНИШГОҲИ МО-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО!

Табрикот

Шодбошӣ

Раёсат, устодону кормандон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамаи донишҷȳдухтарону бонувони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати омадани фасли зебоию шукуфоӣ, айёми хуррамию растагорӣ ва гармию рȳшноӣ, ки бузургони ҷаҳони илму адаб ȳро аз сари меҳру муҳаббат “Арȳси сол” хондаанд, баҳори нозанинхисолу хуҷастапай ва ҷашни 8 март – Рȳзи модар аз самими қалб табрику таҳният мегȳянд ва ба онҳо дар зиндагию таҳсил ва кору фаъолияти меҳрофарину ростинашон тандурустию хонаи обод, оромишу осойиш, муваддату рафоқат, бахти бедору саодати рȳзгор, хайру баракат, умри дароз ва рифқу мадорои хонаводагиро таманно менамоянд.  

________________________________________________________________________________________________________________

Рȳзи артиши миллӣ муборак!

Аҳли раёсат, устодону кормандон ва донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори Рȳзи артиши миллӣ – 23-юми феврал аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар зиндагию кору фаъолияташон, тандурустию эминӣ, оромию осудагӣ, хушбахтиву хуррамӣ, бахти бедору қалби саршор аз меҳру муҳаббати Ватан-Модар, Тоҷикистони азизро таманно менамоянд.

Суроға

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ