Сешанбе, 29 Сентябр 2020 16:57

Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент

Written by
Rate this item
(0 votes)

Фаъолияти садорат ва кулли профессорону омӯзгорони факултети иқтисодиёт ва менеҷмент мутобиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.

Факултети “Иқтисодиёт ва менеҷмент” соли 1987 таъсис ёфтааст ва имрӯз яке аз факултетҳои бонуфузи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети “Иқтисодиёт ва менеҷмент” барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия тасмиму талошҳои созандаро ба роҳ  монданд.

Факултети “Иқтисодиёт ва менеҷмент” мутахассисони соҳаи иқтисодиёту тиҷоратро аз рӯи ихтисосҳои 1-250107 – Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхона (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ); 1- 25010717-Иқтисодиёт ва идоракуни дар корхонаҳои сайёҳӣ(таълим бо забони тоҷикӣ); 1 - 25010720 – иқтисодиёт ва идоракуни дар корхонаҳои хизматрасонӣ(таълим бо забони тоҷикӣ); 1-250108 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ); 1-25010801 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо (таълим бо забони тоҷикӣ); 1 - 250111 – аудит ва ревизия (таълим бо забони тоҷикӣ); 1-250112 – Информатикаи иқтисодӣ (таълим бо забони тоҷикӣ); 1- 26020200 –  менеҷмент (таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ); 1-26020101-Бизнес маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат  (таълим бо забони тоҷикӣ); 1-400102 – Низоми технологияи иттилоотӣ бо зерихтисосӣ 40010202 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт) (таълим бо забони тоҷикӣ); 1-890101 –Сайёҳат ва меҳмондорӣ (таълим бо забони тоҷикӣ) мутахассисонро омода менамояд.

Хатмкардагони факултет дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ кор ва фаъолият намуда, вазифаҳои басо маъсулиятнокро иҷро менамоянд. Аз он ҷумла, Кабиров Ш. – д.и.и., ҷонишини директори генералии Заводи арзии Тоҷикистон, Саидов Ҷ. – директори молиявии “Тоҷсервес”, Умаров У.- н.и.и., корманди Бонки ҷаҳонӣ, н.и.и., дотсент Толибов Қ.Қ. муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – методии ДДТТ, Шаропов Ф.Р. – д.и.и., барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, сардори раёсати илм ва иноватсияи ДДТТ, Мирзоалиев А.А, мудири кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ, Қурбонов А.Р., н.и.и., дотсент мудири кафедраи андоз ва суғурта, Мирзоалиев А.А. – н.и.и., мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва  аудит, н.и.и., дотсент Мухторзода Саидмухтори Саидаҳрор иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, н.и.и., дотсент Мариншоев Муқбил Мунаваршоевич муовини декани факултет, Ҳабибова Сабоҳат н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ, Саломова Умия Тӯйчиева н.и.и., муаллими калони кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат ва дигарон ифтихори донишгоҳанд.

Яке, аз омилҳои муҳимтарини беҳтар ба роҳ мондани раванди таълим ва баланд бардоштани сифати он таъмин будан ба замина моддӣ- техникии муосир мебошад, ки бевосита барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб мксоидат менемояд. Имрӯзҳо аҳли омӯзгорони факултет тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар таъсис додани воситаҳои айёни маводҳои иттилоотӣ барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳайати кадрӣ-омӯзгорӣ дар соли таҳсили 2019-2020 дар факултети “Иқтисодиёт ва менеҷмент” аз 92  нафар иборатанд, аз он ҷумла 4 нафар докторони илм, профессорон; 28 – нафар номзадҳои илм, дотсенттон; 30 – нафар муаллими калон; 20 –нафар ассистентон, 5- нафар лаборантон ва 5 – нафар операторон мебошанд.

Дар коллетиви омӯзгорони факултет олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ба монанди профессорон Фақеров Ҳ.Н., Ҳабибов С.Ҳ., Низомов С., Саидова М.Х., Шаропов Ф.Р., Қодирова З.Х., дотсентон Сангинов Н.С., Толибов Қ.Қ., Мирзоалиев А.А., Зарипов Э.Ш., Азимбоев А., Исоев Р.С., Мирзоалиев А.А., Исматуллоев И.У., Аминов Ф., Насруллоева М., Раҳимов С., Мухторзода С., Ҳабибова С., Мариншоев М.М., Саломова У.Т., Ҳоҷиев Ғ., Бадалов Х., Курбонов М.А., ва дигар олимони болаёқат кор ва фаъолият намуда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Тӯли солҳои фаъолият пурсамар роҳбарии факултетро олимони варзидаи иқтисодшинос Усмонов Ирмат Усмонович, Ҳусейнов Карим Бобоҷонович (шодравон), Абдуназаров Абдураҳмон (шодравон), Қодиров Абдураҳмон, Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Туробов Маликтуроб (шодравон), Ҳабибов Сафиувлло Ҳабибович, Аминов Иномҷон Аминович, Раҷабов Раҷаб Кӯчакович, Толибов Қобилҷон Қосимович, Қурбонов Абдукарим Раҳимович, Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2019 вазифаи декани факултетро Маҳмадуллоев Зафар Насуллоевич иҷро карда истодааст.

Шумораи донишҷӯёни факултет дар соли таҳсили 2018-2019  1600 нафарро (аз он ҷумла дар шуъбаи рӯзона 1100 ва дар шуъбаи ғоибона 500 нафар) ташкил медиҳад. 

Read 77 times Last modified on Сешанбе, 29 Сентябр 2020 16:58

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top