Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Таълим Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ

Толибов Қобил Қосимович
Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ,
номзади илми иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ
______________________________________________________________________________________________________________________________________

4 - уми декабри соли 1974 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1995 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз соли 1992 ба ҳайси раиси иттифоқи касабаи донишҷȳёни Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.

Аз соли 1994 ба ҳайси раиси созмони ҷамъиятии ҷавонони Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз соли 1995 то соли 2004 ҳамчун ассистент, аспирант ва муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Соли 2004 ба вазифаи муовини декан оид  ба таълими факултаи иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 2005 рисолаи номзадиашро муваффақона ҳимоя намудааст.

Аз соли 2008-ум бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба ȳҳда гирифтааст.

Худи ҳамин сол ба Толибов Қ.Қ. аттестати дотсентии кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ дода шудааст.

Соли 2011 ба ҳайси муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз соли 2014 ҳамчун муовини ректор оид ба инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2017 ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методии Донишгохи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Таълим Муовини ректор оид ба таълим ва корҳои методӣ