Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии соли нави таҳсили 2018-2019 ва 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар кору таҳсил ва зиндагиашон барору комёбиҳо таманно доранд.

Асосӣ Таълим Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим

Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим

Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим тибқи қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз 7.06.2017, таҳти №13 таъсис дода шуд. Роҳбарии ин шуъба аз 8-уми ноябри соли 2017 ба зиммаи олими ҷавони таҷрибадор, н.и.ф.м., Маҳмадуллоев З.Н. вогузор карда шудааст. Айни замон дар ин шуъба ду нафар мутахассисон оид банақшагирӣ ва назорати раванди таълим Шарипова М.Ф., Набиев Ҳ.И. ва як нафар мутахассис оид ба омори таълимӣ Ғуломова Ҳ.Қ. кору фаъолият доранд.

Банақшагирӣ ва назорати раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот,  барномаҳо ва нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашуда сурат мегирад.

Барои татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ оид ба ҳар як самт (ихтисос) шаклҳои зерини нақшаҳои таълимӣ таҳия ва истифода шуда истодаанд:

-нақшаи таълимӣ, ки аз ҷониби Шӯрои олимони ДДТТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, мазмун ва ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёнро муайян мекунад;

-нақшаи таълимии фардӣ, ки аз ҷониби ҳар як донишҷӯ таҳия шуда, самт (траектория)-и таҳсилоти ӯро муайян мекунад;

-нақшаи таълимии корӣ, ки дар асоси нақшаҳои таълимӣ ва фардӣ таҳия шуда, барои тартиб додани ҷадвали раванди таълим, ҳисоб кардани ҳаҷми меҳнатталабии донишҷӯён оид ба фанҳои таълимӣ ва сарбории таълимии омӯзгорон истифода мешавад.

Ташкили раванди таълим дар як соли таҳсил дар асоси тақвими академӣ, ки бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ ва аз ҷониби ректор   тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

Банақшагирии сарбории таълимии омӯзгор дар шакли сарбории таълимии фаъол (гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ тибқи ҷадвали дарсии тасдиқшуда бевосита дар аудитория) ва сарбории таълимии ғайрифаъол (намудҳои дигари корҳои таълимӣ, ки берун аз аудитория иҷро карда мешаванд) ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим ба ҷамъоварии маълумотҳо аз кафедраҳо, назорати таҳияи ҷадвалҳои дарсӣ, аттестатсияи ҷорӣ ва давлатӣ дар ҳама шаклҳои таҳсил ва муҳлати таҳсил, назорати риояи ҷадвали дарсҳо дар ҳама шаклҳои таҳсилотро ба ба роҳ мемонад. Инчунин назорат аз рӯи тақсимоти сарборӣ ва иҷроиши он, назорати иҷрои корҳои таълимӣ-методии омӯзгорони кафедраҳоро ба нақша гирифта, маслиҳатҳои муфид медиҳад.

ДОНИШҶӮ

МАГИСТРАТУРА

КОРМАНДОН

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Суроға: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Таълим Шуъбаи банақшагирӣ ва назорати раванди таълим