Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

МО НАСЛИ НАВРАС ВА ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР РӮҲИЯИ ҲИССИ БАЛАНДИ МИЛЛӢ, ВАТАНДӮСТӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ КУНЕМ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосӣ Таълим Шуъбаи идоракунии сифати таълим

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 30.05.2012, таҳти №03/469 дар заминаи шуъбаи ташкили раванди таълим, мониторинг ва назорати сифати таҳсилот, ки соли 2007 таъсис ёфта буд, ташкил карда шудааст. Дар солҳои гуногун шуъбаро мутахассисони ботаҷрибаи зерин ба уҳда доштанд:

• номзади илми иқтисодӣ, дотсент Каримбердиев О., солҳои 2007-2012;
• номзади илми иқтисодӣ, дотсент Ашӯров Ғ.Д., солҳои 2012-2013;
• номзади илми омӯзгоорӣ, дотсент Ҳусейнов Б.А., солҳои 2013-2018
Аз моҳи октябри соли 2018 номзади илми кимиё, дотсент Абдусамеъ Табаров ба ҳайси мудри шуъба фаъолият менамояд.

Дар тӯли ин солҳо дар шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, номзади илмҳои физикаву математика, дотсент Одинамамадов Қ., номзади илмҳои омӯзгорӣ, дотсент Раҳмонқулов М., фаъолияти пурсамар намудаанд. Ҳоло дар шуъба номзади илми педагогӣ, дотсент Ғаниҷон Раҳмонов ва номзади илми биологӣ, дотсент Фаридун Одинаев ҳамчун мутахассис кор мекунанд. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ҳоло яке аз марказҳои таълимию методӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба шумор рафта, ҷиҳати болоравии сатҳу сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии донишҷӯён, мунтазам мониторингҳо, санҷишҳои хаттӣ ва машваратӣ гузаронида, натиҷаҳои онро барои баррасӣ ба Шӯрои олимон ва Раёсати донишгох пешниҳод менамояд.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолияти худро тибқи нақшаи Раёсати донишгоҳ, Шӯрои олимон, Низомнома ва нақшаи кории худи шуъба ба роҳ мондааст. Мувофиқи онҳо шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот мунтазам паҳлӯҳои гуногуни раванди таълимро дар кафедраю факултетҳои донишгоҳ назорат намуда, ҳамчунин, санҷишҳо (мониторингҳо) гузаронида, натиҷаи онро ба Шӯрои олимон ва ҳар се моҳ ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф пешниҳод менамояд.

Аз тарафи кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот пайваста масъалаҳои гуногуни таълимӣ, ба монанди сифати дарсҳои омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои таълимии омӯзгорон дар раванди дарс (маводи таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ), истифодаи аёниятҳо, воситаҳои техникӣ дар дарсҳо, тахтаи электронӣ мавриди назорат ва санҷиш қарор дода мешавад.

Ҳадафи асосии татбиқи низоми кредитии таҳсилот баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад. Иҷрои ин вазифаҳо, пеш аз ҳама, омӯзиши талаботи бозори меҳнат ва ташкили назорати қатъии сифати дарсҳо ва тестҳои имтиҳониро тақозо мекунад.

Дар назди Раёсати таълим барои ҳаллу фасл намудани проблемаҳои низоми кредитии таҳсилот ва раванди таълим семинарҳои илмӣ-методӣ гузаронида мешаванд. Чунин семинарҳои илмӣ-методӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ мусоидат менамоянд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Таълим Шуъбаи идоракунии сифати таълим