Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Эмомалӣ Раҳмон.

Асосӣ Тарбия Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ

Акрамов Файз Маҳрамович

муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ,
номзади илми филологӣ, дотсенти кафедраи забонҳо

_______________________________________________________________________________________________________________________________________

Акрамов Ф.М. дар мансаби муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ фаъолияти ғайритаълимии донишҷȳӣ, рушди ҳаракати ризокорӣ, корҳои тарбиявӣ, амалҳои иҷтимоӣ ва хидматрасонии тиббиро назорат мекунад.

Акрамов Ф.М. 20 - уми январи соли 1963 дар ноҳияи Рȳдакӣ ба дунё омадааст.

Соли 1986 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм намудааст.

Аз соли 1985 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии халқӣ-демократии Яман кор кардааст.

Соли 1986 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ба кор қабул карда шуда буд.

Аз соли 1989 дар вазифаи тарҷумони иттиҳодияи «Зарубежтехнотранс» - и  шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолият кардааст.

Аз соли 1990 то соли 2005 дар вазифаҳои тарҷумон, ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, ҷонишини декани факултети  иқтисодиёти  ҷаҳон  ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 1999 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар савдо ва хȳроки омма хатм намудааст.

Худи ҳамин сол Акрамов Ф.М. рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илми филологӣ гардидааст.

Соли 2005 декани факултети муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин карда шудааст.

Аз соли 2011 дар вазифаи муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Соли 2014 ба вазифаи муовини ректор оид ба таълиму тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Аз октябри соли 2017 ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Тарбия Муовини ректор оид ба тарбия ва корҳои ташкилӣ