Print this page
Якшанбе, 21 Октябр 2018 18:05

Гузориши муфассал аз ҷаласаи ситоди байниидоравӣ ва фаъолони вилояти мухтори кӯҳистони бадахшон (сабти пурра)

Written by
Rate this item
(0 votes)

ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАЛАСАИ СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН (сабти пурра)

Бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон   ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маҷлиси фаъолони ВМКБ  баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатыои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед:

https://youtu.be/oEqhbGFqDEk - бо забони тоҷикӣ

https://www.youtube.com/watch?v=orrdob8GWJU - бо забони русӣ

https://www.youtube.com/watch?v=Fi2tvDJFLD4 - бо забони англисӣ

https://youtu.be/UVxzUTFay-A - бо забони арабӣ

https://www.youtube.com/watch?v=I41w-ZafaKs&t=2s - бо забони узбекӣ

Манбаъ: http://khovar.tj/

Read 2810 times Last modified on Сешанбе, 23 Октябр 2018 19:33
Cомона

Latest from Cомона