Табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ

Ҳамкории донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо;
  • мубодилаи устодон, донишҷўён ва адабиёти таълимию методӣ;
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак;
  • ташкили вохўриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ;
  • ташкили курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ;
  • таъмини раводиди устодон ва донишҷўёни хориҷӣ;
  • кор бо донишҷўёни хориҷӣ;
  • робита бо ҷомеа ва рушди туризм;
  • такмили сайти донишгоҳ.

Табодули донишҷȳён ва устодон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Табодули донишҷȳён ва устодон ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантҳо имконият фароҳам меоварад, ки дар хориҷа бо роҳи ширкат варзидан дар барномаҳои кȳтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.

Ҳадафи рушди барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун, тарбияи насли ҷавони омодабуда ба ҳаёт ва кор дар ҷомеаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад.

Табодули донишҷȳён ва устодон дар мувофиқа бо созишномаҳо байни ДДТТ ва макотиби олии ҳамкор амалӣ карда мешаванд.

Шуъбаи байналмилалӣ дар доираи барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон вазифаҳои зеринро ҳал менамояд:

  • ҷалби олимони шинохтаи хориҷӣ;
  • тадбиқи барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон (иттилооотонӣ, интихоби номзадҳо, мусоидат дар таҳияи ҳуҷҷатҳо);
  • омода намудани базаи иттилоотӣ оид ба стипендияҳо ва бурсияҳои дастгирии табодули донишҷȳён ва устодон;
  • машварат ба донишҷȳен ва устодони донишгоҳ доир ба масъалаҳои ширкат варзидан дар барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани бурсияҳо.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top