Print this page
Чоршанбе, 20 Июн 2018 11:39

Фирефтаи зархаридон нашавед!

Written by
Rate this item
(0 votes)

Суҳбати Файзуллоҷон Сафаров – як тан ҳамватанамонро бо хабарнигори Радиои Озодӣ, ки ба созмони сиёсии “Гурӯҳи 24” пайваста буду бо шарти авф, бо мусоидати мақомоти кишвар рӯзи 24-уми апрели соли равон ба Ватан баргашт, хонда пеш аз ҳама таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳрвандони кишвар, алалхусус ҷавонон, ки мегуфтанд: “ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳед,” пеши рӯ омаданд.

Дар ҳақиқат, дар бисёр ҳолатҳо каме беандешагӣ метавонад боиси нигарониҳои зиёд, ѓаму кулфат ва радди маърака гардидани ин ё он шахс гардад. Чи тавре ки модари Файзуллоҷон Сафаров – Раҷабгул Зайнова андешаҳояшро дар ин хусус баён доштааст.

Мавриди зикр аст, ки Файзуллоҷон дер ҳам бошад хатогиашро фаҳмидааст.
“Рӯҳияи хубе дорам, хонавода оромиш доранд,  фарзандон падарашонро диданд. Дар гузашта бо тарс зиндагӣ мекарданд. Омодаам, ки ҳамчун як насли ҷавон ва озодандеш баҳри нуфузи соҳаи маориф талош кунам”, - гуфтани ӯ ба хабарнигори Радиои Озодӣ далели гуфтаҳои болост.

Чизи дигари хушҳолкунанда он аст, ки Файзуллоҷон Сафаров ҳақиқати “адолат”-ро аз “беадолатӣ” ба хубӣ дарк кардааст ва мегӯяд: “Мо дар барои адолат суҳбат мекардем, аммо мо худамон адолат надоштем”  ӯ ин ҳаморо ба хубӣ эҳсос карда, аз ҳамсафони собиқаш даъват ба амал овард, ки ба Ватан баргарданд.

Охир,  Ватан муқаддастарин макон аст. Онро ба ҳеҷ чиз наметавон иваз кард. Аз инҷост, ки онро танҳо бо азизтарин ва муқаддастарин шахси рӯи олам Модар ташбеҳ дода, Ватан – Модар мегӯянд.

Аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст!

гуфтани шоир бори дигар аз бузургӣ ва муқаддасоти ин мафҳуми барои ҳар як шахси бонангу номус азиз, башорат дода, ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки фирефтаи намояндагони ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию  ифротгаро нашуда, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва баҳри рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем.

Read 2573 times Last modified on Панҷшанбе, 21 Июн 2018 10:54
Донишгоҳ

Latest from Донишгоҳ