28-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он оид ба масоили мубрами рӯзнома, аз ҷумла, дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамгироии кишварҳои ИДМ дар соҳаҳои таъмини амнияту субот дар ҳудуди ИДМ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар истеҳсолот, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт ва қарорҳои муҳиму бунёдӣ пазируфта шуданд. Ҳамчунин, дар мавриди пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризму ифродгароӣ, тиҷорати одамон ва ҷинояткорӣ ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби иштирокдорони ҷаласаи мазкур таъкид гардид.
Баргузор шудани ҳамоиши сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе ва раисии Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он далели обрӯю нуфуз ва мақоми баланди сарвари давлати тоҷикон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Ҳамаи ин комёбию дастовардҳои кишвари маҳбуби моро душманону бадандешони миллат нодида мегиранд ва аз рӯи бухлу ҳасад, кинаварзию дурӯғгӯӣ ва заъфу нотавонӣ афкору ақидаҳои ғаразноку буҳтономези худро дар хусуси фаъолияти Президент ва давлату Ҳукумати кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён менамоянд.
Корбарони фейсбук Омари Амониён ва Карина Сафарова назари ғаразноку манфии худро дар мавриди истиқболу меҳмоннавозии тоҷикона, ки аз ҷониби Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шоми дӯстӣ нисбат ба сарони давлатҳои ИДМ дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда буд, изҳор кардаанд, ки ин амал худ нишонаи пастфитратию айбҷӯии эшон мебошад.
Дар бораи чунин одамони бадгуҳар бузургон фармудаанд:
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,
Бошад ӯ дар ҷустани айби касон.
Мо ба танзу интиқоди айбҷӯён – рӯзноманигор Азизии Нақибзод, табибу фаъоли сиёсӣ Абдулло Давлатов ва корбари фейсбук Муҳиббуллоҳ Аминӣ, ки ифтихори миллию ватандӯстӣ надоранд ва воқеияту ҳақиқати имрӯзаи давлату ҷомеаи моро таҳриф мекунанд, бо байти дар боло зикргардида посух мегуем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо касби истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ бо роҳбари муваффақонаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бесобиқаю беназир ноил гардидааст ва туҳмату буҳтонҳои ватанфурӯшону душманони давлату миллати солори тоҷик аз ҷониби мардуми шарифи кишвар ҳаргиз пазируфта намешавад ва амалҳои ихтилофангези онҳо кишвари моро аз роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегию сарнавиштсоз баргардонида наметавонад.