Дӯстиву ҳамкориҳои адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии мо буда, адабиёти пурғановати форсу тоҷикро дар даврони худ дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои ҷовидонааш ҷамъбаст намудааст.

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷруди вилояти Ҷом  ба дунё омадааст. Ӯ дар оилаи донишманд тарбия гирифтааст. Ҳангоме, ки  Ҷомӣ 11 - сола буд, оилаи онҳо аз вилояти Ҷоми Эрон ба вилояти Ҳироти Афғонистон мекӯчад. Ӯ хату  саводи комилро дар назди падараш Низомиддин Аҳмад гирифта, сарфу наҳви забони арабиро низ хуб омӯхта буд.

Ҷомӣ ҳангоме, ки ба Самарқанд омад ба синни 23 - солагӣ расида буд. Ӯ илмҳои ҳисобу нуҷумро аз Қозизодаи Румӣ омӯхт. Ӯ соли 1453 ба Ҳирот рафт. Шоир баъд аз чанд вақт ба зиёрати шаҳрҳои муқаддаси мусулмонон - Маккаю Мадина рафта, соли 1473 боз ба Ҳирот баргашт ва то охири умр дар ин шаҳр монд. Ӯ 9 ноябри соли 1492 дар ин ҷо аз олам гузашт.

Ҷомӣ дар зиндагӣ дӯстону рафиқони бисёр дошт ва бо онҳо мунтазам маҳфилҳои адабӣ мегузаронид ва дар байни онҳо яке аз беҳтарин шогирдонаш Алишер Навоӣ буд. Онҳо як умр дӯстони ҷонӣ ва ҳамкору ҳамроз буданд.

Сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек Алишер Навоӣ бо асарҳои ҷовидонааш дар таърихи адабиёти ӯзбек мақоми арзанда дорад. Ӯ соли 1441 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Падари шоир Кенҷа Баҳодур мансабдори дарбори Темуриён буду дар таълиму тарбияи фарзандаш ҳамеша талош меварзид. Навоӣ ба дарбори Бобур Мирзо ба хидмат даромада, ҳамзамон таҳсили илмро идома медод. Шоир бо эҷодиёти адибони бузурги форс - тоҷик Низомии Ганҷавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон хуб ошноӣ дошт.

Ҳусайн Бойқаро соли 1464 дар Ҳирот ба маснади подшоҳӣ менишинад ва Навоиро барои адои хизмат ба дарбор даъват мекунад. Навоӣ бо Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин ҷо шинос шуда, минбаъд бо ҳамдигар дӯстони қарин мешаванд. Дар соли 1472 Алишер Навоӣ то ба дараҷаи вазирӣ расида, бо ҷаҳду талошҳои худ вазъи сиёсию иҷтимоии мардумро беҳтар намуд, ки дар натиҷа ҳаёти маданию адабӣ пеш меравад.

Соли 1476 Навоӣ аз ин мансаб худро барканор гирифта, ба эҷод намудани асарҳои илмию адабӣ машғул мешавад. Маҳз дар ҳамин давра ӯ асари панҷгонаи худ "Хамса"-ро иншо мекунад. Аммо Ҳусайн Бойқаро Навоиро боз ҳокими Астаробод таъин мекунад. Дар ин масаб ӯ ҳамагӣ 1 сол кор карда, соли 1488 ба Ҳирот бармегардад ва бо ҳамин дигар ба корҳои давлатӣ машғул нашуда, умри боқимондаашро ба эҷоди асарҳояш мебахшад. Шоир соли 1501 дар шаҳри Ҳирот оламро тарк мекунад.

Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.

Алишер Навоӣ забони тоҷикиро бисёр хуб медонист ва бо эҷодиёти адибони бузурги мардуми мо аз наздик ошно буд ва дар пайравии онҳо асарҳои бозаволашро эҷод кардааст. Дӯстии беғаразонаи Ҷомию Навоӣ намунаи барҷастаи рафоқати байни одамони гуногунмиллат мебошад.

Навоӣ аз устодаш Ҷомӣ 27 сол хурд буд, ки ин фарқият барои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳояшон халале эҷод накардааст. Онҳо дар шаҳри Ҳирот мактаби адабие ташкил карданд, ки дар он намояндагони ду халқ бо таълим фаро гирифта шуданд. Маҳз бо маслиҳати Ҷомӣ асарҳои калонро Навоӣ бо забони ӯзбекӣ иншо намуд.

Ҷомӣ  аз пешравиҳои Навоӣ шоду масрур гардида, дар анҷоми достони "Хирадномаи Искандарӣ" чунин  овардааст:

Суханро, ки аз равнақ афтода буд,
Ба кунҷи кайон рахт  бинҳода буд,
Ту додӣ дигарбора ин обрӯй!
Кашида ба майдони ин гуфтугӯй!

Алишери Навоӣ асарҳои нав иншокардаашро аз назари устодаш Ҷомӣ  мегузаронд ва бо маслихатхои ӯ онҳоро пурра мекард. Асарҳои Ҷомиро, ки дар шакли сиёҳнавис буданд, Навоӣ  мутолиа карда, гоҳо фикру андешаҳояшро ба устодаш  баён менамуд. Дар баробари ин, ки онҳо ба якдигар дӯстони наздику бовафо буданд, Навоӣ  яке аз аввалинҳо буд, ки асарҳои устодашро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи асарҳои "Нафаҳат-ул-унс" ва "Шавоҳид-ун-нубувват" мисоли равшани гуфтаҳои боло аст, ки ба дасти ӯ иҷро гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки то давраи Алишери Навоӣ эҷод кардани асарҳои ҳаҷман калонро бо забони туркӣ-ӯзбекӣ то андозае нодуруст ҳисоб мекарданд.   Навоӣ ин ақидаро рад намуда, барои исботи фикри хеш дар пайравии "Хамса"-и Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва "Ҳафт авранг"-и Ҷомӣ ва дар умум панҷ достон бо забони модариаш эҷод намуд, ки аз инҳо иборатанд: "Ҳайрат-ул-аброр", "Фарҳод ва Ширин", "Лайлӣ ва Маҷнун", "Саъбаи сайёра", "Садди искандарӣ".

Ин нуктаро худи шоир чунин баён намудааст:

Ман, ки дар ин роҳ ниҳодам қадам,
Ҳаст умедам, чу бигирам қалам.
Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ  маро!

Баъд аз вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ дар байни солҳои 1493-1494  Навоӣ асари "Хамсат-ул-мутаҳайирин"-ро иншо мекунад ва  онро ба хотираи устоди бузургвораш мебахшад.  Алишери Навоӣ дар муқаддимаи асари дар боло зикршуда нисбат ба хислатҳои ҳамидаи устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ чунин овардааст: "Касоне, ки овозаи каломи он касро шунида буданд, роҳҳои дурро тай карда, ба суҳбати муборакашон меомаданд, он касро дар байни асҳоб аз ғояти поёнӣ мутлақо намешинохтанд. Дар нишастухез, гуфтушунуфт, дар хӯроку пӯшок дар миёни он кас ва соир мулозимон тафовуте набуд".

Бо сабаби ба дили Навоӣ  задани рафтори ҷоҳилону ҳасудон ӯ дарборро тарк карданӣ мешавад, вале бо маслиҳати Ҷомӣ  аз мансабаш намеравад, зеро бе чунин одамони хирадманд аҳволи мардуми одӣ боз ҳам бадтар мешавад.  

Дӯстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то охири умр  қатъ нагардид. Баъди вафоти устодаш  Навоӣ то як сол азодорӣ мекунад ва барои Ҷомӣ марсияи пурсӯзу гудоз эҷод мекунад. Дӯстию ҳамкории ин ду фарзанди барӯманди тоҷику ӯзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст. Ин дӯстию ҳамкорӣ  имрӯз  ҳам инкишоф ёфта, мустахкам мегардад.

Ф. Акрамов, н.и.ф.,  дотсент,
Ҷ. Гурезов,  н.и.ф., и.в. дотсент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top