Душанбе, 25 Феврал 2019 11:39

Мо зидди таассуб ва ифротгароӣ

Written by
Rate this item
(0 votes)

Ҳамарӯза тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳони муосир, ва шабакањои иҷтимоӣ  мо хабарҳоеро мешунавем ё ки ба воситаи синамо ҳодисаҳоеро мебинем, ки дар ин ва ё он гӯшаи дунё террористон ва ифротгароён, ки аксарияти онҳо ҷавонони  гумроҳу бехирад мебошанд, амалҳои террористии нангинеро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи онҳо одамон: пирон, ҷавонон, занону духтарон ва тифлакони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Ростӣ, қалби Зан – Модар реш-реш мешавад аз дидани ин наворҳо ё амалҳои нопоконаю кирдорҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои террористии ба ном: ҲНИТ, “Давлати исломӣ” (ДИИШ), “Толибон”, “Боко–  Ҳарам”, “Ал –қоида”, “Ҳизб – ут –таҳрир”,  ки љавононро гумроњ карда ба доми шайтонсифати худ меафтонанд. Дили ягон Модар қудрати шунидани доғи фарзандро надорад. Оё боре азоби он модароне, ки нохалафон фарзандонашро гумроҳ месозанд медониста бошанд? Ба қавли худашон донандагони дини Ислом. На ҳаргиз!  Аминам, ки дуои модарон дар хаккашон мустаҷоб мегарданд ва рузе мерасад, ки подоши ҳама гуноҳҳои кардаашонро мебинанду пушаймон мешаванд вале суде надорад. Баъзан ҳамчун як модари тољик ба фикр фурӯъ меравам ва андеша мекунам, ки ин қабил номардон ба амсоли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш фикр намекарда бошанд, ки имрӯз дар назди тамом мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун хоини Миллат, ҳамчун гумроҳкунандаи ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ шинохта шудаанд, дар назди фарзандони худ чи гуфта худро сафед мекарда бошанд? Ҳар як ҷавони солимақл, ки дар зери осмони софу беғубори ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ мекунад аз ин ғаразҳои нопоконаи ин номардон сари андеша меояд ва ҳеҷ гоҳ ба тори анкабуди ин хоинони Ватан ҳамроҳ намешавад, зеро имрӯз бо чашму хеш дида истодаанд, ки ғарази онҳо танҳо гумроҳ кардани онҳо мебошад. Зеро имрӯз чӣ мақсад доштани онҳо дар тамоми ҷаҳон маълум шуда, ҳамчун хоинони Миллати тоҷик шинохта шудаанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби ба терроризму ифротгароӣ гаравида шудани ҷавонон ин дониши нокифояи илмӣ ва динӣ доштани онҳо, инчунин шароити пасти сатҳи зиндагӣ доштани онҳо ва тарбияи дурустӣ оилавӣ, мактабӣ ва донишкадавию донишгоҳӣ нагирифтани онҳо мебошад. Таҷриба исбот намудааст, ки ҷавонони бехиради ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни диние, ки саркардагони онҳо мақсади ба вазифаҳои баланди ҳукмфармоӣ соҳиб шудан мебошад, бовар намуда, зери таъсири онҳо мемонанд ва ба иҷрои мақсадҳои нопоки онҳо камар мебанданд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопоки террористон ва ифротгароён нашуда,  барои њимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд.

Мо низ аҳли зиёи кишварро зарур аст, ки ҷавононро дар  рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва илму фарҳангомӯзӣ тарбия намуда, нафрати онҳоро бар зидди  ифротгароию терроризм бедор намоем ва нагузорем, ки  ба ақидаҳои нопоки ин разилон бовар намоянд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба насли ҷавон дорад ва ҳамеша таъкид менамояд, ки ояндаи ин марзу бум аз ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол вобастагӣ дорад.

 Маҳсудинова Р.Ғ.

котиби Шӯрои олимони донишгоҳ

 

Read 2292 times Last modified on Душанбе, 25 Феврал 2019 11:40

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top