Ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии федеративии Олмон

Бинанда: 974 | Санаи нашр: 30 Сентябр 2023

(дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон)

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон» вориди шаҳри Берлин шуданд. Дар назар аст, ки зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон», Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ҳошияи вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс ва ноиби кантслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон, вазири федералии иқтисодиёт ва ҳифзи иқлим Роберт Хабек инчунин, дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд. Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд. Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишвари мо зарур шумурда шуд. Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯъҳои муҳимми мулоқот буданд.  Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя низ таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Чор бозори наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содир карда мешавад.  Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо зимни мулоқот, дарёфти роҳҳои нави ҳамкориро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноати кӯҳию хӯрокворӣ, кишоварзӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоя ва технологияи пешрафтаи Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистонро муҳокима карданд.

Вобаста ба ин, барои таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва соҳибкорӣ зарур шумурда шуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои муҳитизистӣ, бахусус татбиқи ташаббусҳои обу иқлимии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои судмандро дар ин замина идома хоҳанд дод.

Пешвои муаззами миллат дар баробари зарур шумурдани ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ инчунин, баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

          

              Декани факултети

      молия ва қарз, н.и.и., дотсент                                          Хоҷаев Д.Х.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top