ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ II РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ МИНСК

Бинанда: 1487 | Санаи нашр: 05 Октябр 2023

5-уми октябри соли 2023  дар Ҷумҳурии Беларус ФОРУМИ II ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оғоз ёфт. Барои иштирок дар чорабиниҳои форум ректорони беш аз 75 донишгоҳҳои ду кишвар ҷамъ омаданд. Мавриди зикр аст, ки дар кори форум ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Назарзода Х.Х. иштирок доранд. Дар ҳошияи чорабинӣ дар назар аст, ки вохурӣ ва мулоқотҳои судманд бо мақсади ҳамкориҳои дуҷониба бо якқатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус анҷом дода шавад. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳои дуҷониба бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус таҷрибаи зиёд дорад. Форуми мазкур барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳамкориҳо заминаи воқеъ мегузорад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top