Education for Technological Literacy and Inclusion (Е4TLI): лоиҳаи таҳсилотӣ барои баланд бардоштани саводнокии технологӣ ва фарогирӣ

Бинанда: 1830 | Санаи нашр: 06 Октябр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам аз ҷониби омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳамкориҳои судмандро бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаҳои Эразмус + ба роҳ мондааст.

Лоиҳаи Е4ТLI лоиҳаи нави донишгоҳ буда, дар тӯли 3 сол (сентябри соли 2023- декабри соли 2025) бо роҳбарии ҳамоҳангсози аврупоии лоиҳа Донишгоҳи Баскои Ипания ва аъзоёни консортсиум донишкадаи политехникии Порто, Ҷумҳурии Португалия, мактаби меъмории донишгоҳи Наварра, Испания ва Академии мусиқӣ ва театри Эстония тадбиқ мегардад.  

Вазифаҳои лоиҳа ин баланд бардоштани саводнокии технологии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳои шарикии лоиҳа; таҳияи тавсияҳо ҷиҳати татбиқи дониши омӯхташуда дар амалия; паҳн намудани дониш оид ба технологияҳои 4.0 (Technologies 4.0) дар байни МТОК ғайри технологӣ (non-tech) иборат аст.

Барои расидан ба мақсаду вазифаҳои гузошташудаи лоиҳа силсилаи семинару тренингҳо дар мавзуҳои «Data Mining, Augmented reality, Virtual Reality, Streaming, Blockchain, Cybersecurity, Coding and software programming» ба нақша гирифта шудааст. Моҳи сентябри соли 2024 тадқиқотчиени ДДТТ дар мавзӯи «Блокчейн» семинар барои омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳамкор ба тариқи маҷозӣ мегузаронанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар соли 2023 омӯзгорони ДДТТ дар 2 семинарҳои Data Science (19-22 июн) ва Coding (22-28 сентябр) иштирок намуданд.

Аз 4 то 7 октябри соли 2023 дар Донишгоҳи Портои Португалия вохурии намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор ҷиҳати масоили тадбиқи лоиҳа, паҳн намудани натиҷаҳои лоиҳа ба воситаи сомонаи лоиҳа ва донишгоҳҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, муайян ва тасдиқ намудани чорабиниҳои навбатӣ барои соли 2024, баргузор шуда истодааст. Ичунин 7-уми октябр гузаронидани семинар дар мавзӯи “Воқеияти виртуалӣ” ба нақша гирифта шудааст.

 Дар вохурии мазкур профессори кафедраи иқтисодиет ва ташкили соҳибкорӣ Заррина Қодирова ва мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Нурмуҳаммад Абдуллозода иштирок доранд. Дар ҷараени чорабинии номбурда намояндагони донишгоҳ аз натиҷаи татбиқи лоиҳа ва омодагии тадқиқотчиени донишгоҳ ҷиҳати тайёр намудани маводҳои лексионӣ ва мақола оид ба мавзӯи Блокчейн, баромад менамоянд. 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top