Семинари “Virtual Reality” дар Донишкадаи политехникии Порто

Бинанда: 1903 | Санаи нашр: 07 Октябр 2023

Семинари “Virtual Reality” дар Донишкадаи политехникии Порто

Дар доираи лоиҳаи “Education for Technological Literacy and Inclusion (Е4TLI): лоиҳаи таҳсилотӣ барои баланд бардоштани саводнокии технологӣ ва фарогирӣ”  6 октябри соли 2023 донишгоҳҳои Испания, Португалия, Эстония ва Тоҷикистон ҷиҳати дастовардҳо оид ба тадбиқи “Virtual Reality” дар ҷараёни таълим мубодилаи афкор анҷом доданд. Таҷрибаи донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо нишон медиҳад, ки татбиқи самараноки технологияҳои навин дар таҳсилот на танҳо аз иқтидори донишгоҳҳо вобаста аст, балки аз ҳамкориҳои судманд бо соҳибкороне, ки дар соҳаи технологияҳои коммуникатсионию иттиллотӣ фаъолият доранд, вобастагии зич дорад.  Дар ҷараени семинар намояндагони донишгоҳҳои шарики лоиҳа имконияти дар амал санҷидани барномаи таълимии виртуалиро пайдо карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар татбиқи самараноки технологияҳои навин дар таҳсилот “Virtual Reality”  пешгом аст.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top