Конференсияи дуюми минтақавии илмию амалӣ

Бинанда: 2225 | Санаи нашр: 25 Октябр 2023

Конференсияи дуюми минтақавии илмию амалӣ
Дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 24-26 октябри соли 2023 Конференсияи дуюми минтақавии илмию амалии «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардида истодааст.
Платформаи мубоҳисавии мазкур дар доираи Лоиҳаи «Таҳсилоти касбӣ барои бахшҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ» (RESA), ки аз ҷониби Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH амалӣ карда мешавад, бо мақсади пешбурди тадбирҳои муассир оид ба ислоҳоти системаҳои миллии таҳсилоти касбӣ ва мавқеъгирии таҷрибаи пешқадами фаъолияти таълимии системаи таҳсилоти касбӣ ташкил карда шудааст. Кори конференсия аз муаррифии маърузаҳо оид ба мавзуъҳои номнависшуда, дарсҳои маҳорат (мастер-классы) ва боздид аз муассисаҳои таълимӣ иборат мебошад. Дар Конференсияи дуюми минтақавии илмию амалии «Ҷанбаҳои минтақавии рушди устувори таҳсилоти касбӣ: мушкилот ва дурнамо» намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону коршиносони муассисаҳои таҳсилоти касбии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки дар кори конференсия намояндагони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ, дотсент Гулнора Ҳисориева ва дотсенти кафедраи иқтисод ва ташкили соҳибкорӣ Нарзулло Сангинов ширкат варзида, натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top