Маълумотнома

Бинанда: 2686 | Санаи нашр: 27 Апрел 2016

Оид ба таҷрибаомȳзии истеҳсолии донишҷȳён-хамкунандагони ДДТТ дар соли таҳсили 2015-2016

Тибқи Низомнома ва барномаи таҷрибаомȳзии истеҳсолии донишҷуёни кафедраҳои тахассусӣ дар соли хониши 2015-2016, ки аз ҷониби раёсати донишгоҳ тасдиқ шудааст, аз 2.02. то 4.04. соли 2016 (10 ҳафта) таҷрибаомȳзии истеҳсолӣ дар корхона (ташкилот) ва муассисаҳои шакли моликияташон гуногуни ҶТ бо муваффақият гузашт. Имрȳзҳо дар кафедраҳои тахассусӣ дар назди комиссия, мувофиқи ҷадвали тасдиқ намудани раёсати ДДТТ ҳимояи ҳисоботҳои таҷрибаомȳзии истеҳсолӣ рафта истодааст. То 10.05.2016 кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар асоси муҳлати муқаррар кардаи Ноиби ректор оид ба инноватсия, дотсент Толибов Қ.Қ. дар мувофиқа бо ноиби ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Акрамов Ф.М. ва Маркази бозомȳзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомȳзӣ ва карераи донишгоҳ ҳисоботҳо ба таври хаттӣ ва электронӣ қабул карда мешаванд.

Кафедраҳои тахассусие, ки сари вақт ҳисоботҳои истеҳсолиро ба Марказ намесупоранд, муҷозот карда мешаванд.

Маркази бозомȳзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомȳзӣ ва карера  М.Ҷ. Ҷамшедов

26.04.2016 с.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top