Конференсияи байналмиллалии илмию амалӣ "Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ"

Бинанда: 642 | Санаи нашр: 19 Октябр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 17-18-уми ноябри соли 2023 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ» дар пояи кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Ҳолати муосир ва муаммоҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ;
2. Нақши соҳибкории истеҳсолӣ дар ҳадафи чоруми миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар;
3. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисоди миллӣ;
4. Самтҳои афзалиятноки рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Дастгирии давлатӣ ва ҳимояи фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ;
6. Таҷрибаи хориҷии ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 10-уми ноябри соли 2023 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

Мактуби иттилоотӣ.pdf

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top