Мизи мудаввар дар мавзуи “Масъалаҳои ҳуқуқии рушди идораи шаҳрӣ”

Бинанда: 784 | Санаи нашр: 31 Октябр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ баргузории Мизи мудавварро дар мавзуи “Масъалаҳои ҳуқуқии рушди идораи шаҳрӣ” ба нақша гирифтаанд, ки ба  ёдбуди Муаллими шоистаи Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қосимов  Садриддин Маҳмудович бахшида мешавад.

Санаи баргузорӣ:  8 декабри соли 2023, соати 10.00. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.

Ба Мизи мудаввар олимони соҳаҳои ҳуқуқ ва идораи давлатӣ,  омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешавад.

Барои иштирок дар чорабинӣ то 25 ноябри соли 2023 ирсоли дархост ба суроғаи ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзуи баромад зарур мебошад.

Дар мавзуи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: ЮКС-СМ-23. Баъди қабули маълумот Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзуи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.

Дархосте, ки баъди муҳлати муайяншуда пешниҳод мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top