Мизи мудаввар дар мавзуи “Андозбандии объектҳои ғайриманқул: таҷрибаи миллӣ ва хориҷӣ”

Бинанда: 785 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ баргузории Мизи мудаввари коршиносиро бо иштироки байналмилалӣ дар мавзуи “Андозбандии объектҳои ғайриманқул: таҷрибаи миллӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифтанд

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 5-уми декабри соли 2023, соати 9.00, дар бинои асосии донишгоҳш.Душанбек.Деҳотӣ½.

Забони баргузории чорабинӣ- тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои илмию коршиносӣ ба масъалаҳои мубрами андозбандии моликияти ғайрманқул ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати такмили минбаъдаи он мебошад.

Ба Мизи мудаввар олимони соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳуқуқ,  омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

 

Муфассал:

Мактуби иттилоотӣ (Мизи мудавввар).pdf

Information Letter.pdf

Информационное письмо.pdf

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top