Конференсияи II-юми байналмилалии илмию амалӣ

Бинанда: 923 | Санаи нашр: 01 Декабр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 27-28-уми декабри соли 2023 конференсияи II-юми байналмилалии илмию амалии дар мавзӯи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф”(солҳои 2020-2040) баргузор мегардад. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои соҳибкорӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. Иқтисодиёти рақамӣ яке аз омили рушди иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Иқтисодиёти рақамӣ: мушкилот ва дурнамо;
3. Арзёбии механизми ташкиливу иқтисодии рушди таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
4. Нақши иқтисоди рақамӣ дар таъмини рақобатпазирии иқтисоди миллӣ;
5. Ҷанбаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии табдилдиҳии рақамӣ;
6. Системаҳои инноватсионии интеллектуалӣ ва инноватсионӣ;
7. Технологияҳои рақамӣ: таҳдидҳо, хатарҳо, амният;
8. Молия, сармоягузорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамисозӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 20-уми декабри соли 2023 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.
Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

Мактуби иттилоотӣ.pdf

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top