Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ

Бинанда: 555 | Санаи нашр: 27 Март 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 29-уми марти соли 2024, соати 11:00 Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – назариявиро дар мавзуи  “Ташабусҳои байналмилалии Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо”  бахшида баэълон гардидани  21 – уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи пияхҳо ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои илмию коршиносӣ ба масъалаҳои мубрами ҳифзи пиряхҳо ва таҳияи пешниҳодҳои асоснок ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ба кори семинар олимони соҳаҳои мазкур,  омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 29-уми марти соли 2024, соати 11:00, дар бинои асосии донишгоҳ, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top