ЗАБОНИ МОДАРӢ ФАРХУНДА ДОРЕМ

Бинанда: 338 | Санаи нашр: 21 Феврал 2024

Дар ҷаҳон ҳамасола 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Ин рӯз дар Иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон эълон гардид.

Мақсаду мароми ин ҷашн, пеш аз ҳама:

 - таваҷҷуҳи оламиёнро ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо чалб намудан;

 - дар заминаи таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутакобилаи миллатҳои гуногун мусоидат кардан;

 - тарғибу ташвики гуногунрангии байнифарҳангӣ ва байнизабониро ба роҳ мондан;

 - ба падидаҳои дузабонӣ (билингвизм) ва бисёрзабонӣ (полилингвизм) эҳтиром гузоштан;

 - ба рушду нумӯи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ мусоидат намудан;

 - таҳқиқу омӯзиш ва ҳифзу интишори забонҳои хурду реза (ақаллиятҳои забонӣ)-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намудан ба шумор меравад.

Бебаҳс аст,ки иқдоми ЮНЕСКО дар масъалаи қабули Рӯзи байналмилалии забони модарӣ - ин даъват кардани давлатҳои рӯйи олам ба эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳимояи ҳамаи забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллиест, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба онҳо хавфи нобудӣ таҳдид мекунад, яъне ҳадафи асосии ин ҷашн мусоидат намудан ба рушду нумӯи забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави ҳар кишваре ба шумор меравад.

Албатта, барои ҳар як фард донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, инсонро ба рисолати азалӣ мепайвандад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он гуфтаанд: “Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад”.Чун забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб меёбад, дар баробари забони давлатӣ барои истифодаи озоди забонҳои модарии намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидаанд.Ҳифзи гуногунзабонӣ ва ҳимояву рушди бемайлони тамоми забонҳои дунё гуногунпаҳлугии фарҳангу тамаддуни мардумони оламро дар сайёра тақозо мекунад, зеро ин ҳама ғановати тамаддуни оламиён аст.

Эҳтиром ба забони модарӣ, фарҳанг ва тамаддуни хеш эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро асос гардида, решаи дӯстии ақвому халқиятҳоро қавӣ мегардонад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Ҳамзамон ин нуктаро ҳам бояд ба инобат гирифт, ки дар Тоҷикистон ба ғайр аз забони умумидавлатӣ боз чандин забонҳои дигар мавҷуданду амал мекунанд. Дар Бадахшон забонҳои язғуломӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, ринӣ, вахонӣ, дар вилояти Суғд – забони яғнобӣ, ки аз қаъри асрҳо то замони мо расидаанд. Доираи истифодаи ин забонҳо нисбатан маҳдуд бошад ҳам, масалан забони ринӣ забони фақат як деҳа аст, аммо онҳо ҳамоно зиндаю побарҷо ва фаъоланд. Магар ин мӯъҷизаи этнографӣ нест?!

Коршиносон бар он ақидаанд, ки ҳамасола ба таври ноаён аз харитаи забонҳои ҷаҳон 10 – 12 забон аз байн меравад, яъне забонҳои бузург забонҳои хурдро ба коми худ фурӯ мебаранд.

Ҳифзу густариши забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғонобӣ  аз ҷониби давлат ва ҳукумати кишвар аз мадди назар дур намондааст. Ҳарчанд ки дар баъзе ҷанбаҳо як қатор корҳои судманд анҷом дода шуда бошанд ҳам, вале дар Тоҷикистон то ҳол 11 забон дар маърази хатар қарор дорад ва масъулинро зарур аст, ки барои ҳимоя ва густариши ин забонҳо иқдомҳои заруриро саривақт амалӣ намоянд.  Моро зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо мутахассисонро дар сатҳи баланд омода карда, барои ҳифз ва густариши ин ганҷинаи бебаҳои миллат тадбирҳои нафъовар анҷом диҳем. Қобили зикр аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо дар баробари тоҷикон намояндагони дигар кишварҳо аз ҷумла, русҳо, ӯзбекон, қирғизон, қазоқон, туркманҳо, арманиҳо, бошқирдҳо ва ғайраҳо зиндагӣ мекунанд. Мутобиқи маълумоти Ҷамъияти "Дӯстии халқҳо" то ба имрӯз 16 ташкилоту муассиса ва ҷамъияту марказҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон амал мекунад.

Ҷойи тазаккур аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ақаллиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои муҳимми ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Дар бахши такмили барномаҳои забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши забони давлатӣ дар маҳалҳои зисти ақаллиятҳои миллии сокинони ҷумҳурӣ, ҳамчунин, омода кардани муаллимони фанни забони давлатӣ барои мактабҳои ғайритоҷикӣ аз ҳисоби намояндагони ин забонҳо то ба имрӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои судманди зиёде амалӣ шуда истодааст. Мавриди зикр аст, ки ҳукумати кишвар дар баробари забони давлатӣ барои таълиму омӯзиши забонҳои ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаааст ва ҳамзамон, бобати ҳифзи асолати забон ва фарҳанги онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забони ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд, яъне мо ба ҳамаи забонҳо ва фарҳангҳои кишварамон арҷ мегузорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо – Эмомалӣ Раҳмон мо соҳибзабононро пайваста баҳри посдории асолати забону фарҳангамон даъват намуда. дар суханрониҳои худ хирадмандона зикр намудаанд: «Дӯст доштан ва қадр кардани забони модарӣ ҳаргиз маънои бо он маҳдуд шудан ва аз омӯхтани забонҳои хориҷӣ даст кашидани шаҳрвандони моро надорад».

Феълан, дар мамлакат аҳолии манотиқи гуногунро ном бурдан мумкин аст, ки вазъи дузабонӣ ва биёрзабониро ҳифз намудаанд.

Ба вижа дар навоҳии минтақахои мазкур мардум аксарият тоҷикзабон мебошанд ва дар баробари забони модарӣ забонхои русӣ, қирғизӣ, туркманӣ, узбекиро низ медонанд ва бидуни мушкилӣ бо ҳам суҳбат мекунанд.

Дар кишвар дар баробари забони миллӣ, ки мақоми давлатиро соҳиб аст, омӯхтани забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо то андозае густариш ёфт ва ин василае гашт бобати огоҳӣ пайдо намудан аз адабиёти илмию бадеии ҷаҳонӣ ва воридшавӣ ба фазои иттиллоотии чахонӣ шароити хубе муҳайё сохт. Дар баробари омӯзиши забони русӣ забонхои англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва ғ. доираи истифода ва густариши васее пайдо намуда истодаанд.

Дар кишвар барои қавму миллатҳои дигари Тоҷикистон имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд, то ки ба забони модариашон таҳсил кунанд, расму оин ва анъанаҳои миллии худро идомаву такмил диҳанд. Ҷойи баҳс нест, ки имрӯзҳо масъалаи забон ба ҳайси яке аз рукнҳои муҳими сиёсати дохилии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давлат безабон вуҷуд дошта наметавонад ва забон шиносномаи давлат, яке аз муқаддасоти асосии он ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи давлат нисбат ба забон беш аз ҳарвақта афзун мешавад, зеро забон аз нишонаи муҳимтарини Истиқлолият, Ваҳдат ва соҳибфарҳангиву соҳибдавлатист.

Ҳукумати ҷумҳурӣ дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Мо, тоҷикон, барҳақ бояд аз Кирдигор шукргузор бошем, ки бароямон чунин забони бузург, дар ғановат камназир, шевою гӯшнавоз, забони биҳиштиро насиб гардонидааст.

Баҳси забон чун мекунӣ? Бо ин забон андар сиришт,

Ӯ омада бо амри Ҳақ бо лаҳни шодоб аз биҳишт.

Худ вожаи “Одам”, бубин, лафзи забони тоҷикист,

Ғайр аз забони тоҷикон дар ҳеҷ лафзе нест, нест!

Дар миёни забонҳои ҷаҳон бегумон кам забоне ҳаст, ки бо он бад-ин миқдор шоҳкориҳои адабию илмӣ офарида шуда бошанд.

Дар ҳама давру замон забони тоҷикӣ дар саросари қаламрави Осиёи Марказӣ забони коргузорӣ ва мукотибаи расмӣ, аслану урфан забони давлатӣ буд. Аммо танҳо дар даврони истиқлолияти ростини давлатӣ, ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, фарзанди ҷонфидои халқу Ватан Эмомалӣ Раҳмон забони модарии мо ҷойгоҳи воқеан сазовори худро гирифт, ба чунин мақому мартабаи олӣ расид, ҳамасола мутантан таҷлил мешавад ва аз минбарҳои баланди олам садо медиҳад.

Тоҷикистон ҳамеша мамлакати сермиллат буд ва дар миёни намояндагони миллатҳои гуногун ашхоси кам набуданд, ки ба забони тоҷикӣ эҳтиром мегузоштанд ва онро ба дараҷаи аъло медонистанд.  Силсила Бону, ҳамсар ва ҳамсафи устод Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар тӯли 30 сол нуҳ ҷилди «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба тоҷикӣ тарҷума намуда буд, профессор Людмила Успенская, ки якҷо бо Муҳаммадҷон Раҳимӣ луғати тоҷикӣ-русӣ тартиб додааст, Мирра Явич, мутарҷими афсонаҳои халқи тоҷик, аз ҷумла «Бузаки ҷингилапо», Клавдия Благовешенская – Улуғзода, ҳамсари устод Сотим Улуғзода, донишманди адабиёти шифоҳии тоҷик ва дигарон аз ҷумлаи ҳамин гуна ашхосанд.

Доир ба забонҳои помирию яғнобӣ олимони ҷаҳон асарҳои зиёд таълиф намудаанд. Ҳатто луғати яғнобӣ-русӣ вуҷуд дорад. Яке аз яғнобшиносони оламшумул профессор Алберт Леонидович Хромов буд.

Забонҳои помирию яғнобӣ чун заврақҳои кӯчак дар паҳлӯи киштии бузург – забони давлатӣ ҳамвора дар баҳри пурамвоҷи зиндагӣ шино доранд.

Устод Айнӣ гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки лаҳҷаю шеваҳо сарчашма ва манбаи беохири пурғановат сохтани забони адабианд. Воқеан, агар мо сомеъи бодиққат бошем, дар лаҳҷаю шеваҳои манотиқи гуногун вожа, калима ва ибораҳоеро мешунавем, ки бешак сазовори ворид гаштан ба забони адабӣ ҳастанд

Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки раванди ҷаҳонишавӣ торафт қувват мегираду вусъат меёбад. Ҷаҳонишавӣ яз як тараф, ба ҳамгироии давлатҳо ва халқҳо мусоидат мекунад, вале аз тарафи дигар пайомадҳои манфӣ низ дорад. Хатари ҷиддии гум шудани асолати миллӣ ва аз байн рафтани бисёр забонҳо аз ҷумлаи ҳамон пайомадҳои ногуворанд.

Дар робита ба ин бояд дар ёд дошта бошем, ки забонҳои помирию яғнобӣ ба дастгирӣ бештар ниёз доранд, зеро хатари нестшавӣ бештар ба забонҳои ба ном кӯчак таҳдид дорад. Агар дар замоне ки техникаю технологияҳо ба авҷи аълои тараққиёт расидаанд, Интернет фарогир аст, ин забонҳо, ки аз гирдоби таърихи тӯлонӣ аз насл ба насл гузашта зинда мондаанд, ин мӯъҷиза аз байн равад, наслҳои оянда нисбат ба мо чӣ мегуфта бошанд?

Барои ҳамин олимони забоншинос, муаррихон, мардумшиносон, аҳли адаб, кинобардорон бояд ҳама тадбирҳоро бо истифода аз имкониятҳои замони рушди бемонанд андешанд, то ин забонҳо побарҷо монанд. Онҳо сарвати маънавии моянд, бисёрзабонӣ, ки ҳамагон худианд, бояд мояи ифтихори ҳамаи мо бошанд.

Забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, чунки он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, қалбу ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист.

Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст.

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рӯзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар,

Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

 

Қаҳҳоров М.М., Насриддиниён Б.Ҳ.,н.и.ф. дотсентони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top