ЗАН-МОДАР – ҚОНУНИ ПУРНУРИ ХОНАВОДА

Бинанда: 535 | Санаи нашр: 06 Март 2024

Чун бобати саҳми шахсият, ҳувият ва манзалати зан-модар сухан оғоз намоем, сараввал мебояд мавқеи онҳоро дар низоми ҳаёт, ҷомеа, ахлоқӣ, сиёсию фарҳангӣ мушаххас намуд.

Ба ин маъно, агар зан - модар, ки дар офаринишӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ ва вафопешагӣ даст намедошт дунёву ҳастӣ қобили таҳаммулу зист намебуд, он саршор аз даҳшат мегашту ҳаёти инсонӣ беҳадаф мегардид. Зан буд, ки ба ҳастии хеш зиндагиро қабл аз ҳама, ба малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, шарофат, нафосат, фазилат, матонат, ҷасорат пурнуру пурҷило намуд.

Донишмандон, бузургон дар дар таърихи фарҳанги башар занонро ба ҳайси ҷинси латифу нозук дар баробари мардон саҳми густурдадошта шумурдаанд, ки Иқболи Лоҳурӣ аз зумраи онҳост, дар ин бора чунин нигошта: “Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат, дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.

Аз маъхазҳои таърихӣ ва пажӯҳишҳои адабию бостонии тамаддуни башар бармеояд, зан - модар дар заминагузории ахлоқ – фарҳанг новобаста аз қавму миллат нақши муассир доранд, ки дар тамоми комёбию дастовардҳои онҳо маҳз ба саҳми занон марбут мебошад. Аз таърих аён аст, ки маҳз дар ба вуҷуд оварандани аввалин пайвандҳои иҷтимоӣ хос ба занҳо буда, даврони модаршоҳӣ иртиботи оила ва пайвандии байни фарзандон тавассути зан - модар сурат гирифтааст. Дар ин замина гуфтан мумкин аст, ки сарчашмаи зеҳният, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, аввалин эҳсоси зебоишиносӣ дар таърихи тамаддуни башариятро зан - модар ба вуҷуд овардааст. Бузургтарин шахсиятҳо дар домони зан – модар парвариш меёбанд, чун тарбияти хонаводагӣ аз ӯ оѓоз мегардад. Зеро танқи аввалро дар тарбияи шахсияти ҳар инсон модар мегузорад ва он нақш то охирин нафас дар вуҷуди шахс боқӣ мемонад. Зани соҳибмаърифату солеҳа хонаводаи худро ба биҳишти кучаке табдил медиҳад. Агар зан соҳибхираду донишманд бошад тамоми аҳли хонавода ба ӯ пайравӣ мекунанд, Тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модари бохирад меҳнату машаққати омӯзишро ба фарзандаш на як навъи ҷазо, балки зарурат дар тарбияи маънавии онҳо мешуморад. Тамоми рафтору кирдор, аз ҷумла одоби муошират, таомхӯрӣ, роҳравӣ, либоспушӣ, андешаронӣ ва муколамаю мубодиларо дар байни мардум, ки маҳсули талошу заҳматҳои зан - модаре аст, ки дар ботинаш хираду фарҳанги олӣ дорад. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқию фарҳангии насл хусусан, ҷавононро модар дар заминаи эҳёи фарҳангу суннатҳои миллӣ, рукнҳои Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои умумибашарӣ роҳандозӣ менамояд. Зан - модари тоҷик бо эҳсоси меҳрубонӣ ҳамеша фарзандро ба пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдат, дўст доштани Ватан, инчунин ба кору амалҳои неку созанда раҳнамоӣ намуда, ин рисолатро аз насл ба насл идома медиҳад.

Ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, ободии ҳар як хонадон аз руҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан - модар вобаста аст. Ин аст, ки аз қадим рӯзеро ба номи рӯзи Модар ҷашн мегиранд.

Муаррихи маъруфи садаи XI, Абусаъид ибни Маҳмуди Гардезии Ғазнавӣ дар бораи ин рӯз дар «Зайн-ул-ахбор» ном асараш оварда, чунин навиштааст: “Аз ин ҷиҳат ҷашнро «мардгирон» мегуфтанд ва занон ба ихтиёри хеш ва бо озодӣ шӯй ва марди зиндагии худро бармегузинанд. Бинобар ин, дар рӯзи панҷуми моҳи исфанд ҷашни занонаи «мардгирон» ё «маждгирон», ки ба занон ихтисос доштааст, баргузор мешудааст. Ба ин маънӣ, дар фарҳанги миллӣ ба муносибати гиромидошти зан ва модар Рӯзи вежаи ҷашние созмон ёфта, дар доираи он маросимоте, аз қабили тақдими ҳадяҳои ҷашнӣ, сайругашти идӣ, баргузории маҳофили адабӣ, зарофатгӯйиву сурудхонӣ ва амсоли инҳо баргузор мешудаанд, ки бо тобишҳои гуногун то имрӯз боқӣ мондаанд”.

Рўзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рўзи Модар” эълон намуданд. Иқдоми мазкур бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон, саҳми босазои онҳо дар бунёду ташаккули тамадуни инсонӣ дар низоми дунявӣ бузург буда, тамоми имконият ва истеъдоду халлоқияти хешро истифода намудаанд, ки бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтаанд.

Дар ин рӯзи пуршукуҳ ба тамоми занону бонувони тоҷик, ба модарони арҷманд, ба хоҳарони азизу меҳрубон таманнои онро дорам, ки ҳамеша саодатманд, сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

Ғафурова Ҷамила Музаффаровна, мудири шуъбаи фарҳанг ва осорхонаи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top