Душанбе - Оинаи таърихи миллат

Бинанда: 148 | Санаи нашр: 19 Апрел 2024

Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,

Пешвои миллат, Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Душанбе - Оинаи таърихи миллат

 

Шаҳри Душанбеи мо солҳои охир ба дараҷаи гушношуниду каснодид зебо шуда истодааст. Дар фазои орому осудаи ин шаҳр зиндагӣ карда, ҳар як сокини он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ташаббусу ибтикороти созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳсину ташаккур мегӯяд. Гулбоғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, кўчаҳои тозаву озода, биноҳои зебову замонавии аз нигоҳи меъморӣ дилчаспу осмонбӯс, нақлиёти наву замонавӣ - ҳамаи ин бунёдкориву созандагӣ барои сокинони душанбешаҳр аст ва ин боиси ифтихору сарфарозии мост. Мо аз ватани биҳиштосои худ, аз Пешвои азизи худ ва шаҳриёри ҷавон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мефахрем ва шукргузорӣ мекунем.

Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд: “Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри ХXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд. Дар ин марҳилаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад”.

Мақоми ҳуқуқии Душанбе ба сифати пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 4 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ карда шуда, он ба таври возеҳ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври зайл муқаррар карда шудааст: “Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат буда, воҳиди маъмурию ҳудудиест, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Мо боварии комил дорем, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бунёдкориву созандагии раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ рушд меёбад ва пойтахти кишвари маҳбуби мо – Душанбешаҳр боз ҳам ободу зебо мегардад. Мо сокинони шарафманди пойтахти кишвар чунин ташаббусу иқдоми созандаи роҳбарияти Олии мамлакат ва шаҳриёри ҷавони Душанбешаҳрро комилан ҷонибдорӣ менамоем ва мехоҳем, ки дар ин амалҳои неку бунёдкорона саҳмгузор бошем.

Дустматов Б.М., мудири кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top