Дастоварди омӯзгори ҷавон

Бинанда: 614 | Санаи нашр: 22 Май 2023

18 – уми майи соли 2023 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар он омӯзгори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит Саъдӣ Додарбеков дар номинаи “Хондан ва азёд кардани осори адибони классикии тоҷик” байни омӯзгорон ва кормандони касбу кори гуногун ҷойи якумро ишғол намуда, сазовори сипосномаи раиси ноҳияи мазкур гардид.

Раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ Саъдӣ Додарбековро ба ин дастоварди муҳимми навбатиаш самимона шодбош мегӯянд ва ба ӯ дар даврҳои минбаъдаи озмуни зикршуда барору комёбӣ орзу менамоянд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top