ТАМАННИЁТИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 219 | Санаи нашр: 20 Март 2024

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Бо арзи эҳтироми беандоза Шуморо ба муносибати иди пирӯзӣ ва меросии ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба Шумо умри бардавом, саломатии қавӣ, хушбахтии беинтиҳо, хонаободӣ ва дар корҳоятон бурбдориҳо таманно дорам.

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми киштукори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон таҷлил мегардад.

Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз қабили бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо маҳсуб ёфта, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил намуда, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо иштироки хурду бузурги диёр, бо чеҳраи шоду дили пур аз фараҳ истиқбол мегиранд.

Ҷашни Наврӯз бешак яке аз маросимҳои писандидаи тоҷикон аст, ки бо сифатҳои башардӯстона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои хоси худ, ки некиву накўкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Дар бобати ҷаҳонӣ гаштани ҷашну маросимҳои миллӣ, аз ҷумла мақоми байналмилалиро касб намудани қадимтарин ҷашни миллиамон - Наврӯзи оламафрӯз хизматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Алҳол ҷашни Наврӯзро кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад”.

Дар воқеъ, Наврӯз қадимтарин ва зеботарин ҷашни дунёст, ки бо фарорасии хеш аз оғози фасли зебои баҳор мужда медиҳад. Ин мужда рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагист.

Наврӯз нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нави аҷдодӣ, баробаршавии шабу рӯз, тантанаи ҳусну тароват ва муждаи файзу баракат аст, ки бо ташрифи худ ба ҳар як хонадон шодию нишот меоварад.

Мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд.

Насли ҷавони даврони нав аз ин падидаҳои умедбахш орзую умедҳои зиёд доранд, зеро зинда ва ҷовидон мондани анъанаи неки ниёгон бақои ҳастии миллатро нишон медиҳад.

Наврӯз айёмест, ки таъсири Хуршеди ҳаётбахш меафзояд. Баҳор ҷои зимистонро мегирад ва табиати хобида ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад. Наврӯз чун арӯси сол талу теппаҳоро бо қолинҳои махмалини сабзаву сияҳгӯшу лола оро медиҳад. Абри найсони баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаҳову рӯдҳои софу мусаффо бо беқарориву ҷӯшу хурӯш ғазалхон ҷорӣ мешаванд. Мардуми тоҷик бо дилу нияти пок ва шукргузорӣ аз давлати ободу озоди худ содиқона меҳнат намуда, баҳри ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат мебанданд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар, ҳамаи Шумоёнро ба ин рӯзи зебои фасли сол табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки Наврӯзи хуҷастапай ба деҳқонон ҳосили фаровон, ба донишҷӯён зиракиву бедории сиёсӣ, ба устодон муваффақиятҳои эҷодӣ ва ба кулли мардуми ватани азизамон амалишавии орзую ниятҳои нек эҳдо намояд.

 

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯзатон фирӯз бод!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top