Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

Бинанда: 305 | Санаи нашр: 17 Апрел 2024

Санаи 17.04.2024 бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми озмуни мазкур доир гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Авғонов С.М. ҳусни оғоз бахшида, ба ҳама иштироккунандагони Озмун муваффақият ва нутқи бурро орзу намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» барои боз ҳам боло бардоштани маърифати миллат, маънавиёти ҷомеа, сатҳи китобхонии ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Озмун дар сатҳи донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он 25 нафар омўзгорону донишҷўён иштирок намуданд. Аз онҳо ба даври ноҳиявӣ 6 нафар аз рўи се номинатсия роҳ ёфтанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top