Вохӯрӣ бахшида ба “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week)

Бинанда: 295 | Санаи нашр: 18 Апрел 2024

Имрӯз дар толори диссертатсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки кормандони яке аз ташкилотҳои қарзии молиявии низомсози низоми бонкии мамлакат ҶСК “Бонки Эсхата” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии ҷавонон дар доираи “Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week) бо донишҷӯёни ихтисоси 25010402- кори бонкӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Одинаев Ҳ.С. суханронӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам намуда, таъкид карданд, ки ҳамасола дар мамлакат аз 1 то 30 апрел “Моҳи саводнокии молиявӣ” ташкил карда шуда, дар Муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар як қатор чорабиниҳои маърифатӣ баргузор карда мешаванд.

Сипас, Маликов Фируз менеҷери минтақавии Департаменти маркетингии ҶСК “Бонки Эсхата” дар мавзӯи “Пулҳои худро ҳифз намуда, ояндаи худро таъмин намоед” баромад намуданд.

Инчунин, Ғафурова Азиза менеҷери минтақавии Департаменти кор бо кормандони ҶСК “Бонки Эсхата” дар мавзӯи “Саводнокии молиявии ҷавонон” суханронӣ намуданд.

Дар хотимаи вохӯрӣ кормандони бонк ба саволҳои ироанамудаи донишҷӯён посухҳои мушаххас намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top