НАҚШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО (РУСӢ ВА АНГЛИСӢ) ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

Бинанда: 305 | Санаи нашр: 20 Апрел 2024

Санаи 20 - уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Нақши омӯзиши забонҳо (русӣ ва англисӣ) дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ” баргузор гардид.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.и., дотсент Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳозиринро хайрамақдам намуда, андешидани тадбирҳои судманд  барои баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ муҳим арзёбӣ намуда, бо камоли эҳтиром суханро ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович вогузошт. Қурбонов А.Р. кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, ба иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ муваффақият хоста, қайд намуд, ки ҳифз ва рушди забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ – асоси омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина олимон ва муҳаққиқон бо маърӯзаҳои хеш ширкат варзиданд:

Каримова Ирина Холовна, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Аъзои академияи таҳсилоти хориҷии Россия дар мавзӯи «Русское слово в Таджикистане востребовано»,

Ҷоматов Самиддин, доктори илмҳои филология, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Нақши истилоҳоти забоншиносии иқтибосӣ дар рушди таркиби луғавии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (дар мабнои сарчашмаҳои фарҳангнигорӣ)”,

Ҷураев Хайём Акрамович, номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Вижагиҳои корбастӣ тазодӣ истилоҳоти адабиётшиносӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”,

Комилов Миръато, номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Баъзе душвориҳои грамматикии тарҷумаи герундий аз забони англисӣ ба тоҷикӣ”,

Инчунин, Зулфониён Раҳим Раҷабзода, сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонова Дилрабо ва Махсутшоева Назарбегим омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Ҷурақулов Бозоралӣ дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Хулоса, дар конференсия масоили зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ – тақозои замон; андешидани тадбирҳои судманд барои баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ; ҳифз ва рушди забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ – асоси омӯзиши забонҳои хориҷӣ; усулҳои инноватсионӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ; истифодаи ТИК дар ташаккули салоҳиятмандии донишҷӯёну омӯзгорони забони англисӣ; усулҳои истифодаи технологияҳои мултимедӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ.

Дар кори конференсия намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, олимону муҳаққиқон, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ширкат варзиданд.

Кори конференсияро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Қурбонов Абдукарим Раҳимович ҷамъбаст намуда, барои идомаи кори ҳамоиши илмӣ дар бахшҳо муваффақиятҳо хост.

Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top