Мизи мудаввар дар мавзӯи "Нақши маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар ташаккули давлатдории миллӣ"

Бинанда: 203 | Санаи нашр: 25 Апрел 2024

Санаи 25-уми апрел бо ташаббуси садорати факултети иқтисодиёт ва тиҷорат мизи мудаввар дар мавзӯи "Нақши маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар ташаккули давлатдории миллӣ" баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р. ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ дотсент Авғонов С.М. иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори мизи мудаввар раиси донишҷӯдухтарони факултет Турахонова Фараҳнуш ва раиси ҷавонони факултет Одинаев Алибек бо маърузаҳои худ доир ба мавзӯи зикршуда баромада намуда, ҷавононро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хеш даъват намуданд. Дар охир як қатор сарпарастони беҳтарини факултет ва донишҷуёни фаъол барои хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ, сиёсӣ ва инчунин ширкат варзидан дар барномаи театрикунонидаи "Карнавали Наврӯзӣ-2024" бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top