ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Бинанда: 370 | Санаи нашр: 04 Май 2024

Санаи 2-юм ва 3-юми майи соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба “Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни ДДТТ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм дар номинатсияи "даставӣ - назариявӣ" гардиданд, ки аз ҷониби роҳбарияти ДДМИТ барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ректори Донишгоҳ бо "Сипоснома" ва ғолибони Озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ғолибон ва ҷоизадорони Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро бо дастоварди бузургашон самимона шодбош гуфта, барояшон дар таҳсили минбаъда муваффақиятҳои пайдарпайро таманно менамоянд.

 

Раёсати илм ва инноватсия

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top