Санаи 02.07.2014, дар толори калони донишгоҳ, маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Иди байналмилалии кооператсия ва маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони соли таҳсили 2013-2014 баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот, Академики Академияи байналмилалии кооператсия Валиев Сироҷиддин Ҳайдарович иштирок доштанд, ки бо сухани табрикотӣ баромад намуданд.