Ҳафтаномаи «тоҷир»

Ҳафтаномаи “Тоҷир” аз моҳи июли соли 1997 таҳти рақами 397 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Бори охир 4-уми июли соли 2017 таҳти рақами 006/рз-97 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ҳафтанома дар асоси оинномааш ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот” фаъолият намуда, мавзӯъҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ, ватандустӣ, худшиносии миллӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, тарғиби илму дониш, ихтирооту навоварӣ, пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, ҳифзи сулҳу суботи кишвар ва дастовардҳои истиқлолият, хуллас, сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамояд.

Ҳафтанома тасмим гирифтааст, ки чунин мавзӯъҳоро минбаъд низ идома дода, сифату мазмуни мақолаҳоро дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ монад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top