Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Асосӣ Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 24 сол боз инҷониб фаъолият менамояд. Кафедраи мазкур дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои илмӣ таҳти № 11 аз 14.07.1995с. таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодааст.

Фаъолияти мудири кафедра дар давраҳои аввали таъсисёбӣ ба пайдо кардану интихоби мутахассисон вобастагӣ дошт. Дар рушди фаъолияти кафедра дотсентон Қурбонмуродов М.Б., Утаганов А.А., Ғаффоров Ш., Хоҷаев Ғ. ҳиссагузорӣ намуда, вазифаҳои ташкилу амалисозии фаъолияти кафедраро ба дӯши худ гирифтанд.

Тӯли солҳои зиёд роҳбарии кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонмуродов М.Б. (солҳои 1995 - 2003); номзади илмҳои география, дотсент Утаганов А.А. (солҳои 2003 - 2008); номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хоҷаев Ғ.Ҳ. (солҳои 2008 - 2013); номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Қурбонов Б.Т. (солҳои 2013 - 2017) ба зимма доштанд. Аз соли 2017 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Қурбонова З.М. иҷро намуда истодааст.

Вобаста ба нишондоди барномаи таълимӣ фанҳои асосии кафедра фанҳои зерин буданд: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодиёти беруна, фаъолияти иқтисодиёти берунаи корхона, банақшагирии хоҷагии халқ, иқтисодиёти муҳити атроф, географияи ҷойгиркуни қуваҳои истеҳсолкунанда ва ғайраҳо.

Дар ибтидои фаъолият ба устодон дар ин кафедра лозим омад, ки дар асоси сиёсати иқтисодии нав барномаҳои илмӣ – методӣ барои навиштани корҳои дипломӣ, курсӣ, санҷишӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолиро омода созанд. Барои кафедраи навтаъсис, ҳамчунин, дарёфти китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, аёниятҳо, ҳуҷҷатгузориҳо ниҳоят зарур буданд. Омӯзгорони кафедра бошад, вобаста ба талаботҳои замонавӣ дар самти пайдо намудани мутахассисони варзида мунтазам дониши худро такмил дода, усулҳои нави машғулиятгузаронӣ, гузаронидани дарсҳои назариявию амалиро ҷорӣ намуданд.

Дар кафедра барои гузаронидани дарсҳои намунавӣ устодони бисёр маъмули кишварамон низ ба кор даъват карда шуданд.
Дар солҳои аввали фаъолияти кафедра барои донишҷӯён академик Раҳимов Р.К. аз фанни иқтисодиёти ҷаҳон, д.и.и., профессор Султонов З. аз фанни ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, д.и.и., профессор Сангинов О. аз фанни ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда, д.и.и., профессор Ҳабибов С.Ҳ. аз фанни иқтисодиёти корхона, ҳамчунин, солҳои тӯлонӣ дар кафедра устоди варзидаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Вафоев И., корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо Баҳромов Р., олим ва соҳибкори маъмули Тоҷикистон Оймаҳмадов М. машғулиятҳои лексионӣ ва семинарӣ гузарониданд.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки аз рӯи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон донишҷӯёни фаъол таълим мегиранд. Исботи ин гуфтор он аст, ки донишҷӯёни ин ихтисос дар озмунҳои фаннӣ дар байни донишгоҳҳои Тоҷикистон 4 бор шоистаи ҷои аввал шуданд. Бисёр хатмкардагони ин ихтисос рисолаҳои номзадї ҳимоя карданд, инчунин дар корхонаю вазоратҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷа кору фаъолияти хуб менамоянд.

Устодони кафедра тавонистанд, ки зиёда аз 20 воситаи таълимии курси лексияҳоро нависанд ва шумораи зиёди дастурҳои методиро омода намуда ва ба донишҷӯёну хонандагон пешниҳод намоянд.

Аз соли 2015 дар назди кафедра ихтисоси дигар, яъне ташкили робитаҳои байналмилалӣ таъсис ёфт.
Номи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои олимонӣ донишгоҳ таҳти № 3 аз 24.10. 2017 с. ба кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ иваз карда шуд.

Ҳоло дар кафедра устодони зерин фаъолият намуда ҷараёни таълимро пеш бурда истодаанд: Қурбонова Зулфия Маҳмаднабиевна, мудири кафедра, н.и.с., дотсент, омӯзгорони собиқадор ва ботаҷриба Дӯстбоев Шодимурод, профессор, Хоҷаев Парвиз Давронович профессор, Хоҷаев Ғулом дотсент, Акбаров Абдураҳим дотсент, Расулов Ғафур дотсент, Хоҷабекова Г.А. дотсент, Азизова Назира муаллими калон, Шокирова Шарифа муаллими калон, Амонатова Маҳбуба муаллими калон, ассистентон: Давлатов Насим, Нурмаҳмадов Замир, Рустамов Фитрат, Ҳайдарова Манижа, Қодирова Замира, Қурбонов Маъруф, Муртазо Аҳмад.

Дар шароити имрӯза устодони кафедра фанҳои тахассусии зеринро ба донишҷӯён меомӯзонанд: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, бизнеси байналхалқӣ, туризми байналхалқӣ, фаъолияти иқтисодии берунаи корхона, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ, сармоягузории хориҷӣ, географияи иқтисодӣ ва минтақашиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демографии он, конвенсияи байналхалқии шартнома оид ба савдо, давлат ва бизнес, ҳаракатҳои байналхалқии кооперативӣ, савдои байналхалқӣ, асосҳои дипломатияи иқтисодӣ, ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ, сиёсати иқтисодӣ, PR дар корхонахо, стратегияи инвеститсионӣ, иқтисодиёти сабз, этикаи бизнеси байналмилалӣ, кишваршиносӣ, асосҳои фаъолияти иқтисодии беруна, фаъолияти иқтисодии берунии Тоҷикистон, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, асосҳои дипломатия, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, низоъҳои байналмилалӣ ва роҳҳои ҳал намудани онҳо, дипломатияи сиёсӣ ва иктисодӣ, хадамоти консулгарӣ, хизмати дипломатӣ, русум ва ташрифоти дипломатӣ, сиёсати дохилӣ ва берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, этнография ва этнополитика, масъалҳои муосири ҷаҳонӣ, сиёсати берунии мамлакатҳо, сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи дипломатия, сиёсати ҷаҳонӣ ва ғ.

Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна, мудири кафедра.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Асосӣ Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ