Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Аз 10 то 12 декабри соли 2019 Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг барномаҳои таълимии донишгоҳро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад.

Асосӣ Хабарҳо Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии сайёҳӣ

Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии сайёҳӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи сайёҳӣ ва рушди минбаъдаи он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои зиёд андешида истодаанд.

Соли рушди сайёҳӣ эълон намудани соли 2018, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани солҳои 2019-2021, доир намудани форуму конфронс ва семинарҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ, ки ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи сайёҳӣ ва ба вуҷуд омадани ҷойҳои нави корию беҳтар гардидани сатҳи зиндагию фароғати аҳолӣ мусоидат менамоянд, далели гуфтаҳои болоянд.

Форуми 2-юми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон дар фазои сайёҳӣ аз нигоҳи донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ”, ки рӯзҳои 8 – ум ва 9 - уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир гардид, аз ҷумлаи тадбирҳои саривақтии ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани сайёҳӣ дар кишвари биҳиштосоямон – Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.

Маводи ба озмунҳои “Ташкили гӯшаи беҳтарини сайёҳӣ” ва “Рӯнамои беҳтарини сайёҳӣ (презентатсия)”, ки аз ҷониби литсейю коллеҷҳо ва донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуда буданд, диққати ҳар як бинандаро ба худ ҷалб намуда, аз кӯшишу ғайрат ва заҳмати соҳибонашон дарак медоданд.

Ҳакамони озмун, ки аз мутахассисон ва шахсони салоҳиятнок иборат буданд, ба ашёҳои ба намоиш гузошташуда ва ҳунару маҳорати иштирокчиёни озмунҳо ба таври шаффоф баҳогузорӣ намуда, ғолибонро ба таври зайл муайян намуданд: ҷойи 1 – ум Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, ҷойи 2 – юм Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷкиистон ва ҷойи 3 – юм Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар озмуни “Рӯнамои беҳтарин” ҳакамони озмун ҷойи аввалро ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Раҷабалӣ Ҷабборов, ҷойи 2-юмро ба донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Рухшона Самадова ва ҷойи 3 – юмро ба донишҷӯи Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе Дилангез Маҳмадюнусова лоиқ донистанд.

Барои намоиш ва дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии Данғара, донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо сипосномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш дар толори асосии донишгоҳ қисми расмии форум оғоз гардид, ки дар он нахуст ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров меҳмонону иштирокчиёни форумро хайрамақдам гуфта, баргузории ин чорабинии муҳимро аз ғамхориҳои навбатии Ҳукумати мамлакат дар самти рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ маънидод намуд ва афзуд, ки рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ на танҳо ба пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, балки боиси муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардидани буҷаи давлат мегардад. Тавре ки Президенти маҳбуби кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, - гуфт Ҳамидуллохон Нуриддинович, - “Соҳаи сайёҳӣ муаррификунандаи табиати биҳиштосо ва мардуми куҳанбунёду ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо камтарин бозсозиҳо метавонад афзалият ва имкониятҳои зиёдро баҳри Ватан, мардуми бофарҳанг ва ширкату ташкилотҳои дар ин соҳа амалкунанда замина гузорад”.

Сипас, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, роҳбари ширкати сайёҳии "Панҷакент Интур" Фариддун Ҳамроев ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорзода суханронӣ намуда, дар хусуси дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, дурнамо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози андеша намуданд.

 

 

 

 

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии сайёҳӣ