Доғи сиёҳ дар сафҳаи таърих

Вазъи ҳассоси минтақа ваҷаҳони муосир ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар нигоҳи дақиқтар ва таҳлилҳои амиқтар дошта бошем. Пеш аз ҳама, бояд нисбат ба неруҳо ва омилҳои дохилие, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузорони хориҷӣқарор гирифта, боиси ташаннуҷи вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа гарданд, мавқеи ҷиддитару қотеонаро пайгирӣ намоем. Зеро худкомагиву бенизомии ин неруҳо имкони дахолати бештар ва густурдатареро ба неруҳои манфиатҷўи бегона фароҳам хоҳад овард.

Дар кишвари мо неруҳое мавҷуд буданд, ки имкон доштанд боиси ташан­нуҷи вазъи ҷомеа гарданд. Махсусан, собиқ ҲНИ, ки ба тафовут аз ниҳодҳои дигари тундрави динӣ қаблан дар кишвари мо иҷозати фаъолияти расмиро дошт, баъди қатьи фаъолият ва паноҳ бурдан ба хориҷа ҳанўз ҳам дар андешаи ноором кардани вазъи ҷомеа ва кишвар мебошанд.

Имрўз террористони фирории ҲНИ андеша доранд, ки амалҳои ваҳшиёнаи ба сари миллати тоҷик овардаи онҳо аз зеҳни мардум фаромўш шудааст. Бешармона аз адолат, ҳақиқат, қонун ва демократия ҷор мезананд. Нафароне, ки дасташон олудаи хуни ҳазорон одами бегуноҳ буда, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандианд, заррае виҷдону эмон надошта, имрўз ҳам бар зидди давлату миллати худ хиёнату ҷиноятҳои гўшношунид зоҳир мекунанд.

Роҳбарону масъулони ҲНИ бояд фаромўш насозанд, ки хиёнату амалҳои террористии даҳшатбори ба амал овардаи онҳо дар хотири ҳар фарди ин миллат нақш бастааст ва он ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Дигар ҳеҷ гоҳ мардуми мо ба фиребу найранги наҳзатиҳои террорист дода намешаванд ва дар ҳама ҷо онҳоро маҳкум мекунанд.

Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанўз аз хотири мардум зудуда нашудааст. Он ҳамчун доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

Имрўз дар фазои Тоҷикистон офтоби сулҳ нурафшон аст. Занону духтарон озоданд. Аз ин рў, шукри истиқполу озодии кишварро мекунем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top