Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Аз 10 то 12 декабри соли 2019 Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг барномаҳои таълимии донишгоҳро аз аккредитатсияи байналмилалӣ мегузаронад.

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Сухан мардона бояд гуфт

Сухан мардона бояд гуфт

Дар ибтидои моҳи ноябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-уми солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ ва хотирмон ҷашн гирифта шуд ва дар ин айём аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба тасвиб расид, ки он ба зиёда аз 20 ҳазор нафар шаҳрванди кишвар тааллуқ дорад.

Ҳамчунин, дар солҳои охир бо саъю кӯшиши Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои 2019-2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳар як гӯшаю канори меҳан корҳои созандагию ободкорӣ рафта истодааст, ки ин амал ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Чунин рушди босуръати соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба душманону ватанфурӯшони давлат ва миллати солори тоҷик хуш намеояд ва онҳо аз рӯи бухлу ҳасад ва ғаразу кинаварзӣ нисбат ба давлату миллати тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ҳар гуна туҳмату буҳтон ва лофу газоф мегӯянд.

Имрӯз давлати тоҷикон тавоною неруманд аст ва ба дасисабозию вайронкории душманону хоинони ватан ҷавоби сазовор медиҳад.
Масалан, 3-юми ноябри соли равон ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сарҳади давлатиро гузаштанд ва шаби 6-уми ноябри ҳамин сол ба дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Дар натиҷаи амали фаврии ниҳодҳои қудратии мамлакат 15 нафар аз ин гурӯҳи мусаллаҳ кушта шуд ва 5 нафари онҳо дастгир гардиданд.

Ҳамчунин, мухолифону ватанфурӯшон «аз таги нохун чирк кофта», сафари хидматии Президенти кишварро ба давлатҳои Аврупо мавриди таҳлилу баррасии ғаразнок ва ғайриобъективона қарор додаанд, ки албатта, ба ин суханони бепояву бемантиқ ва душманони онҳо касе бовар намекунад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст ва Тоҷикистон бо бештари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо кишварҳои аврупоӣ робитаи сиёсию иқтисодӣ дорад. Аз ин рӯ, Президенти кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун роҳбари муваффақ ва ташаббускор шинохта ва эътироф гардидааст ва ин сафари навбатии мавриди назари сарвари давлати тоҷикон ба кишварҳои Аврупо чун сафари хидматӣ ба хотири таҳкими робитаҳои ҳасанаи кишвари мо бо Конфедератсияи Швейтсария ва Франсия мебошад.

Айбҷӯию кинаварзӣ ва туҳмату буҳтони душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷикон далели заъфу нотавонии зеҳнӣ ва мавқею вазни сиёсӣ надоштани онҳо мебошад. Имрӯз онҳо ягон нерӯи сиёсии солиме нестанд, дар ҷомеаи кунунии мо мавқею нуфузе надоранд ва афкору ақидаҳои ғаразноки онҳо аз ҷониби мардуми тоҷик ва, бавежа, ҷавонони мо пазируфта намешавад.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

  • Телефон: +992(37) 234-83-46     +992(37) 234-85-46

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳои сиёсӣ Сухан мардона бояд гуфт